(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Машқи пагоҳирӯзӣ, дави миллӣ ва марафони велосипедронӣДар доираи тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилал санаи 17 марти соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз 20 ҳазор нафар сокинон машқи паҳоҳирӯзӣ, дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор хоҳад шуд.

Ҳамин тавр, санаи 17.03.2018 соати 8:00 машқи пагоҳирӯзӣ дар назди Маҷмааи ҳавзи шиноварӣ, дави миллӣ соати 9:00 ва марафони велосипедронӣ соати 10:00 аз назди Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол» оғоз мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд