(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шаҳло Олимҷонова – ғолиби озмуни «Мураббии моҳир»Тибқи фармоиши шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №40 байни мураббиён озмуни «Мураббии моҳир» баргузор гардид.

Дар озмун даҳ нафар мураббиёни гуруҳҳои синнусолӣ: М. Абдуллоева, М. Аъзамова, Н. Зоидова, Г. Раҳмонова, Ш. Олимҷонова, М. Ҳомидова, Б. Ҳайдарова, С. Муъминова, Ш. Ҷалолова, Ю. Юсупова ширкат варзида, донишу истеъдод ва маҳорати хешро аз рӯи шартҳои: ҳисоботи эҷодӣ, маводи дастисохти таълимӣ, санҷиши тестӣ, омода намудани хӯрокҳои миллӣ ё хӯриш ва лаҳзаи мусиқӣ намоиш доданд.

Ҳайати ҳакамон беҳтаринҳоро муайян карданд. Дар натиҷа ғолибият насиби Шаҳло Олимҷонова, мураббияи кӯдакистони №40 гардид. Мақоми дуюм ва сеюмро Юлдуз Юсупова ва Шаҳноза Ҷалилова мушарраф гаштанд. Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Зикр гардид, ки ҳадаф аз гузаронидани озмун баланд бардоштани маҳорати касбӣ, инкишоф додани қобилияти эҷодкорӣ ва тарбия намудани ҳисси зебопарастӣ дар байни мураббиён мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд