(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шоҳҷойиза ва ғолибиятҳои дигари  хонандагони Хуҷанд дар МисрДар Олимпиадаи байналхалқии арифметикаи зеҳнӣ, ки дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб доир шуд, хонандаи литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд  Мафтуна Муродуллоева соҳиби шоҳҷоиза шуд.

Ин олимпиада рӯзи 7-уми март бо иштироки 300 арифметикони навраси 5-14 сола аз 9 кишвари дунё доир гардид. Тоҷикистонро ҳашт нафар наврас аз шаҳри Хуҷанд дар олимпиада муаррифӣ карда, як нафар бо шоҳҷоиза ва дигарон бо мақомҳои гуногун ба Ватан баргаштанд.

Ҳамин тавр, ду хонандагони синфҳои 8-и дигари литсейи физикӣ - математикии №1-и шаҳри Хуҷанд  Сабрина Зиёбоева ва Ҷаҳонгир Усмонов дар ин олимпиада иштирок намуда Сабрина мақоми аввал ва Ҷаҳонгир ҷойи 3-юмро ба даст оварданд.

Ҳамчунин Сумайя Ёдгорова аз мактаби хусусии “Пулотов” мақоми аввал, Азизҷон Саидов хонандаи синфи 6 “в”-и Мактаби хусусии “Файз” ҷойи сеюм, Наҷминисо Бобоҷонова, Комрон Бобоҷонов ва Диловар Абдуллоев аз литсейи политехникии шаҳри Хуҷанд мақомҳои дуюм ва сеюмро соҳиб шуданд.

Номбурдагон дар Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагорка» дар шаҳри Хуҷанд буда, машғулиятҳои иловагӣ гирифта, ба олимпиада омодагӣ диданд. Эшон дар фурсати 30 дақиқа 210 мисолҳои арифметикиро беғалат ҳал кардаанд, ки хурдтаринашон 9 сол дорад.

Тавре ба мо директори литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи М. Осимии шаҳри Хуҷанд Моҳира Азимова иттилоъ дод, дар соли таҳсили ‎2017 - 2018  хонандагони литсей дар олимпиадаи шаҳрӣ 43 нафар ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. 25 нафари дигари хонандагони синфҳои 5-11-и ин муассисаи бонуфуз дар олимпиадаи вилоятӣ мақомҳо намоёнро ба даст оварданд.Ҳамзамон 2 нафар хонандагони литсей Беҳрӯз Мансуров аз фанни физика ва Муҳаммад Маҳмудов аз фанни математика дар олимпиадаи байналмиллалии Жаутиковскийи шаҳри Алма – атои Қазоқистон иштирок намуда, соҳиби серификат гардиданд. Хонандаи синфи 11 Шаҳзод Раззоқов дар олимпиадаи байналмиллалии фосилавӣ, ки дар кишвари Тайланд баргузор шуд, аз  фанни химия иштирок намуда, соҳиби ҷойи 2-юм гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд