(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иштироки Маъруф Муҳаммадзода дар чорабинии наврӯзии «Хонаи кӯдакон»-и шаҳри ХуҷандСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои наврӯзӣ ба Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи  табобатии «Хонаи кӯдакон»-и шаҳри Хуҷанд  рафта, кӯдаконро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода кӯдакон ва мураббиёни «Хонаи кӯдакон»-и шаҳрро бо фаррасии Наврӯзи Аҷам муборакбодӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки  бо пешниҳод ва ибтикороти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни ниёгонам-Наврӯз байналмилалӣ шуд ва бо таъбири Роҳбари Давлат «Наврӯз амали созанда ва халлоқро чун нахустунсури фаъолияти инсон муаррифӣ кард, ки баёнгари возеҳтарини он барзгарӣ ва кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ фаъолияти иқтисодӣ ва созандаи иҷтимоист. Маҳз ҳамин амал имкон медиҳад, ки ҷомеа ба пешрафт ва рушди матлуб ноил гардад. Шаҳсутуни дигари ҷомеа дар фалсафаи Наврӯз озодагӣ мебошад. Он баёнгари покии тан ва рӯҳи озодагӣ ва наҷобати пиндор, гуфтор ва кирдори афроди ҷомеа, покиву назофати ҳаво, замин, об ва муҳити зист, сиҳати инсон, парвариши рӯҳи солим аз меъёрҳои ҳастии инсонист».

Маъруф Муҳаммадзода афзуд, ки «Шумоён мураббиёни хушбахти замони Истиқлолият мебошед, ки дар ин замони осоишта, ба амри дил ба ин кори хайр шабонарӯзӣ заҳмат мекашед. Ин фарзандоне, ки шумоён тарбият медиҳед, оянда номбардори миллату Ватан буда, садоқатмандии хешро нишон медиҳанд.

Сипас, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят Зайнура Шарифӣ аҳли муассисаро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таҳният гуфта, барояшон хушрӯзӣ, сарсабзӣ ва саодати наврӯзиро орзу намуд.

Сипас, аз ҷониби наврасон ва мураббиёни «Хонаи кӯдакон»-и шаҳри Хуҷанди барномаи фарҳангии рангину ҷаззоб намоиш дода шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба кӯдакон тӯҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки чунин чорабиниҳо бо оростани дастурхони  наврӯзӣ дар комплекс кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босириашон суст ва нобинои шаҳр, муассисаи таҳсилоти томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №26-и кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ношунавои шаҳр, маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд, мактаб интернати ёрирарон дар шаҳри Хуҷанд ва  хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмондаи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳр Хуҷанд