(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Наврӯзи Содирхон ҲофизДар МТМУ №15-и шаҳри Хуҷанд тантанаҳои наврузии маҳаллаи Содирхон Ҳофиз бо иштироки аҳли маҳалла ва муҳассилини дабистони мазкур бо шукуҳи хоса таҷлил гардид. Дар деги калон суманак пухта шуда, намунаи ҳунарҳои мардумии маҳаллаи Содирхон Ҳофиз ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар озмуни "Кадбонуи беҳтарин" занони маҳаллаҳо хӯрокҳои пухтаи хешро пешниҳод намуданд. Хонандагони МТМУ №15-и шаҳри Хуҷанд бо барномаи рангини хеш табъи ҳозиринро болида сохтанд.

Мудири шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Муродҷон Раҷабов табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ ироа намуда, ташкили чунин чорабиниҳоро баҳри тарғиби  худшиносиву худогоҳии миллӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Дафтар матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд