(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Изҳороти МТМУ №12-и шаҳри Хуҷанд дар мавриди фаъолияти ташкилоти экстримистӣ – террористии ҲНИТ ва дигаргурӯҳҳои ифротгаро.

Терроризм ва экстремизм - зуҳуроти номатлуби замони муосир буда, ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якxоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст. Дар ибтидои қарни ХХI инсоният бо хатари xиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд, рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Он ақидае, ки терроризм  инсониятро дар тамоми тӯли  мавxудияташ ҳамроҳӣ намудааст, беасос нест. Решаҳои терроризм хеле чуқур буда, ба пойгоҳи иxтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ - фарҳангӣ ва xаҳонбинии он иртибот доранд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куxо ва ба кадом мақсад рух додааст. Дар аҳли қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафганӣ мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд.

Дар чанд соли охир терроризм чун проблема дар ҷаҳони муосир доман паҳн намуда, он сол то сол мутташакилонаю бераҳмона гардидаааст. Кишварҳои абарқудрат бар зидди терроризм қонунҳо қабул менамоянд ва ягон мулоқоти сарони кишварҳо бе муҳокимаи ин мушкилот намегузарад. Аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масир истисно нест ва ҳар сокини кишвари мо терроризму экстремизмро ҳамаҷониба маҳкум менамоянд.

Мо, омӯзгорон, низ мунтазам дар вохӯрию конфронсҳо, соатҳои тарбиявц хонандагонро бо моҳияти ин амалҳои номатлуб ва хатари он ба ҷомеа ошно менамоем. Кӯшиш ба харҷ медиҳем , ки хонандагони мо донанд,ки аз руйи ин амалҳои хатарнок ва номатлуб ҳамарӯза дар ҷаҳон садҳо нафар одамони ҷони ширини худро аз даст медиҳанд, террористон ватан , дину оин ва мазҳаб надошта ҳадафи онҳо танҳо даҳшатфикани ва бо ин роҳ ба мақсади шуми худ расидан мебошад.

Ҷомеаи омӯзгории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ба номи Аловиддин Бобоеви шаҳри Хуҷанд хуб дарк менамоянд, ки бояд дараҷаи дониш, фаҳмиш, ҷаҳонбинц, маънавиёт ва шуурнокии ҳар як хонанда мунтазам баланд бардошта шавад ва онҳо чун ҳама мардуми Тоҷикистон ба моҳият ва мазмуни Истиқлолият, Ваҳдати миллц, худшиносц сарфаҳм рафта тавонанд.

Ҳамаи мо ба қадри сулҳу суботу оромии кишвар расида, ҷавобан ба щамхорию муҳаббати самимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллц, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалц Раҳмон барои тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносц, худогоҳии миллц, ватанпарастию донишмандц дучанд меҳнат карда саҳми босазо хоҳем гузошт.

Танҳо саводу дониши комил ва иродаи матину ватанпарастц метавонад моро дур аз ин гирдоби осебкунандаи ҷаҳон нигоҳ дорад.

Мо, омӯзгорон амалҳои  номатлубро маҳкум намуда барои пешравии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссагузор хоҳем шуд.

Ҷомеаи меҳнатии омӯзгории
МТМУ №12 шаҳри Хуҷанд.