(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Изҳороти МТМУ №11-и шаҳри Хуҷанд дар мавриди фаъолияти ташкилоти экстремистӣ – террористии ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро.

Тоҷикон аз аҳди қадим то ба имрӯз миллати соҳибтамаддуну бофарҳанг, озодихоҳ, сулҳпарвар, бунёдкор, инсондӯст буду ҳаст ва хоҳад монд. «Рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек» шиори гузаштагони мо буд, ки имрӯз низ маънӣ ва моҳияти худро дар замони соҳибдавлатӣ, соҳибистиқлолӣ гумм накардааст.

Дар замони мо, ки пур аз мушкилот зиддиятҳо ва ихтилоф аст, доир ба афзудан ва густариши терроризм экстремизм ва дигар падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд. Экстремизм падидаи номатлуб буда, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравонаро иҷро мекунад. Шахсе ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравӣ ва ифротгароӣ дорад барои ҷамъият хавфу хатари зиёдеро ба амал меорад. Бадхоҳи касон ба мақсад нахоҳанд расид.

Терроризм таърихи тӯълонӣ дошта имрӯзҳо ба таври васеъ паҳн шуда истодааст. Дар замони мо шахсоне во мехӯранд, ки бо сабабҳои номаълум ба ин ё он ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ фаъолият мебаранд. Онҳо мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ гардонанд. Эктремизм ва терроризм ба ақидаи аксари сиёсатшиносон ва муҳаққиқон бештар дар соҳаи дин дучор меояд.

Мутаасифона ҷомеаи имрӯзаро гурӯҳи ифротгароён халалдор месозанд, зери ниқоби ислом амал карда хуни мардуми бегуноҳро мерезонанд. Ислом дини ифротгаро нест. Исломро бояд ба маънии аслиаш шинохт, зеро ислом дини покӣ, росткорӣ, Худотарсӣ мебошад. Зуҳуроти ифротгароиро мақбул намедорад. Кирдори ваҳшоният, қотилона ва хоинонаро маҳкум мекунад.

Ҷомеаи омӯзгории  МТМУ№11 ба номи Ҷӯра Зокирӣ шаҳри Хуҷанд низ ба ин масъалаи доғи рӯз бетараф набуда, дар муассиса мунтазам доири ин мавзӯъ байни хонандагон вохӯриҳо бо намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, шахсони баррӯманди маҳаллаи Содирхон Ҳофиз, соатҳои тарбиявӣ, сӯҳбатҳо, вохӯриҳо гузаронида толибилмонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, муттаҳидӣ, бародарӣ ва босулҳу салоҳ зиндагӣ кардан тарбия менамоянд.

Ҷомеаи меҳнатии омӯзгорони
МТМУ № 11 шаҳри Хуҷанд