(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Замон ба марҳилаи наву ҳассос таърихию сарнавиштсоз ворид шудааст, инсоният бо раванди глабализатсия, имрӯз тариқи  воситаҳои ахбори омма иттилоот оид ба маргу таъқиб, таҳдиду таркиш, ҷангу ноамонӣ, одамкушиву, муноқиша, террор мешунаваду мебинад хабардор мешавад.

Имрӯз сарҳаду масофаҳо инсониятро аз амалҳои террористӣ, экстремистӣ дур сохта  наметавонад. Таҳлилҳо исбот намудаанд, ки амалҳои  анҷомдодаи террористону экстремистон бештар ба дину мазҳаб робита дошта  рушди илму техникаро инкор менамоянд. Дар баробари терроризм дар бисёр кишварҳои ҷаҳон амалиётҳои экстремистӣ (ифротгароӣ) ба амал омада истодааст, ки ҳаёти инсонҳоро ба таъхир гузоштааст. Экстремизм аз калимаи лотинии «extremus» гирифта шуда маънои он канораҷӯӣ, ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ба ҳисоб меравад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳуроти номатлуб метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар дин, сиёсат, идеология,  илм, фарҳанг ҳам дида шавад.

Экстрем (ифротгароӣ) ду намуд мешавад  динӣ ва дунявӣ ва аз рӯи зуҳурот ҳудудӣ, минтақавӣ, байналмиллалӣ мешавад. Зуҳуроти ифротгароӣ хеле решадор буда, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд дину миллат, наҷод надорад ва ҳудуди ягон миллатро эътироф намекунад.  Экстремизм (ифротгароӣ) дунявӣ  намудҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ва мафкуравӣ дорад. Ифротгарои динӣ бошад, дар доираи ҳамаи динҳо(ислом, насронӣ, масеҳи, буддоӣ) мавҷуд аст. Вусъатёбии  экстремизм оқибат ба терроризм меорад. Таърих исбот намудааст, ки ифротгароии динӣ дар ҳеҷ давру замон натавонистааст ва имрӯз ҳам наметавонад   мардумро  ҳамбастагӣ, инсондӯсти, мардумписанди тафоҳум ва  эҳтироми якдигар. расонда, иттиҳоди мардумро ба як шакл таъмин кунад. Зеро ифротгарои динӣ  таҳамуллпазирои дигаронро надорад. Ифротгароии динӣ мехохад бо зӯран щасби ҳокимият барангехтани душманию бадбинибайнии  намояндагони динҳои дигар, халалдор кардани сулҳу суббот, ва якпорчагии давлатҳо ноил гардад.

Дар тафсири Кодекси ҷинояии Ҷумҳури Тоҷикистон шарҳи мақсадҳои терроризм чунин омадааст: «Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист».

Имрӯз моро зарур аст, ки  дар байни наврасону ҷавонон оид ба ин масъалаҳо сӯҳбат намуда,онҳоро ба роҳи донишандӯзи, касбу ҳунарҳо ки ба ҳаёти онҳо таъсири мусби мерасонад равона созем. Дар онҳо ҳисси баланди ватандӯстиро тарбия номоем. То ки онҳо худро аз ҳар гуна ҳаракатҳои ифротгарои, террористӣ  дур нигоҳ доранд.

М. Қаюмова, омӯзгори фанни таърих
ва ҳуқуқи гимназияи №24, ш.Хуҷанд