(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Изҳороти МТМУ №10-и шаҳри Хуҷанд дар мавриди фаъолияти ташкилоти экстремистӣ – террористӣ ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро.

Мутаассифона, на ҳама наврасону ҷавонон қоидаҳои одобро риоя карда, аз рӯи он амал мекунанд. Вақтҳои охир теъдоди ин қабил ҷавонон ба маротиб афзуда, боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст. Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳое маҳсуб меёбад, ки дар мубориза бо терроризм ва экстремизм мавқеи устувор дорад».

Ташкилоти экстремистӣ – террористӣ ҲНИТ аз ҷумлаи чунин гуруҳҳои эксремистӣ мебошад, ки ба ҷомеаи мо хатари ҷиддӣ доранд. Онҳо фазои сулҳу Ваҳдатро халалдор менамоянд. Мо бояд садди роҳи чунин ташкилотҳои экстремистӣ гардем, то ин ки мардуми мо орому осуда зиндагӣ намоянд.

Ба андешаи мо, сабаби чунин рух додани ҳодисаҳо пеш аз ҳама дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи падару модарон ба мактаб, риоя нагардидани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки боиси ба дарсшиканӣ роҳ додани ҷавонон ва афзоиши ҷинояткорӣ оварда мерасонад, дида мешавад.

Баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаб барои идома додани таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кӯшише ба харҷ намедиҳанд, бе шущл мемонанд, аз хизмати ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд, баъзе аз онҳо ба бемории нашъамандӣ мубтало мегарданд, аксари оилаҳои ҷавон бо сабабҳои гуногун пош мехӯранд, ки ин омилҳо низ боиси шомил гардидани онҳо ба равияҳои бегона мегарданд. Ҷавонон бояд фирефтаи дасисаҳои гурӯҳҳои ифротгаро нашуда, ҳаёти худро қурбони нақшаҳои щаразноки онҳо нагардонанд.

Маъмурият ва омӯзгорони МТМУ №10 шаҳри Хуҷанд барои пешгирӣ намудани ҷавонон ва наврасон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои экстремистӣ сӯҳбату вохӯриҳо доир менамоянд. Дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ чорабиниҳо, маҳфилҳо, мизҳои мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида мешавад.

Бояд қайд намуд, ки мафкураи ҷавонон хеле ба осонӣ зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ мегардад. Аз ин рӯ, сарнавишти ҷавонон аз он қувваҳои сиёсие, ки бештар ба ташаккули ҷаҳонбинии онҳо таъсир мерасонанд, вобастагии калон дорад ва мо омӯзгоронро вазифадор менамояд, ки мунтазам дар дарсҳои тарбиявӣ оиди шомил намудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо байни ҷавонон ва наврасон сӯҳбатҳо ташкил намоем, наврасонро дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро инкишоф дода, ба роҳи рост ҳидоят намоем.

Ҷомеаи омӯзгорони
МТМУ №10-и шаҳри Хуҷанд