(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Изҳороти МТМУ №8-и шаҳри Хуҷанд дар мавриди фаъолияти ташкилоти экстремистӣ – террористии ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ ва бекорон, шиддат гирифтани гуруснагӣ ва проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гадидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст, ки якеаз онҳо ташкилоти экстремистӣ – террористии ҲНИТ мебошад.

Алҳол дар ҷаҳон экстремизми сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ ва амсоли инҳо ба қайд гирифта шудааст. Экстремизми наврасон ва ҷавонон дар ифодаи қувваи зиёд, хушунат, таҷовуз ва куштор, адоват ба гуногунадешӣ ва амсоли он асос ёфтааст.

Экстремизми ахлоқӣ- таҳаммулнопазирии шадид ва навъи муайяни меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои рафтор, роҳ додан ба зӯроварӣ барои таблиғи маҷмӯи талаботи маънавӣ, накӯкорӣ ва ахкоми диннӣ аст. Намунаҳои он танқиди бадахлоқӣ, суханони қабеҳ, пӯшидани либоси бегона мебошад.

Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ- сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунӣ вобаста мебошад.

Имрӯз  коршиносон  бар  он  назаранд, ки ба доми террористӣ  бештар ҷавонони  муҳоҷир  ё  муҳассилини  кишварҳои арабӣ  ҷалб  мешаванд.  Барои  ин онҳо  аз  шабакаҳои  интернетӣ  ба  таври  васеъ  истифода  мебаранд.Асосгузори  сулҳу   ваҳдати  миллӣ,  Пешвои   миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  Паёми  худ  таъкид  намуданд,  ки «Терроризм  ва  экстремизм аз  як  ҷониб   чун  вабои  аср  хатари  глобалии  ҷиддӣ буда,  аз  ҷониби  дигар  амсоли  он  гувоҳ  аст,  ки  терроризм  ватан,  миллат,  ва дину  мазҳаб  надорад,  балки  таҳдиде  ба   ҷомеаи  ҷаҳон  ва  ҷони  ҳар  як  сокини  сайёра  аст»

Сулҳе,  ки  Пешвои  миллат,  Президенти  кишвар,  мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Тоҷикистон  овард,  нодиртарин  ва  қиматтарин  неъмат  мебошад.  Ба  мо  зарур  аст,  ки  ин  ваҳдати  миллӣ  ва  сулҳро  чун  гавҳараки  чашм  ҳифз  кунем ва  ҳама  аз  як  гиребон  сар  бароварда  барои  ҳимояи  манфиатҳои  миллӣ  камар баста,  дар  муқовимат  ба  афкори  экстремистӣ,  террористӣ  муташаккилона мубориза  барем  ва  нагузорем,  ки  нохалафе  фазои  ороми  Тоҷикистони азизамонро  ғуборолуд  созад.

Мо, омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8  ҳамеша  ба  суханони  Пешвои  миллат,  мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  пайравӣ  намуда,  терроризм  ва  экстремизмро  шадидан  маҳкум менамоем. Инчунин,  барои  ҳифзи  якпорчагии  ин  Ватани   биҳиштосо  ҳамеша  омодаем  ва  сиёсати  хирадмандонаю   бунёдкоронаи  Пешвои  миллатро дастгирӣ  мекунем. Хонандагони худро дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ, инсондӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва раҳму шафқат тарбия менамоем.

Ҷомеаи меҳнатии
омӯзгорони МТМУ № 8 ш. Хуҷанд