(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Оғози Наврӯзи маҳаллаҳо дар шаҳри ХуҷандТибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилал оғозан аз имрӯз мувофиқи нақшаи тасдиқгардида дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр чорабиниҳои наврӯзӣ ва пухтани сумалак ҷараён мегирад.

Вобаста ба ин масъулини дахлдор муваззаф гардидаанд, ки дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур тадбирҳо андешанд.

Интизор меравад, ки дар ин рӯзҳои наврӯзии маҳаллаҳои шаҳр ҳамчунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сурат мегирад. Дар чорабинӣ намояндагони Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок ва Паёми табрикотии шаҳрдорро ироа хоҳанд намуд.

Ҳамин тавр, имрӯз соати 16:00 дар МТМУ №15 тантанаҳои Наврӯзи маҳаллаи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд сурат мегирад.

Аз санаи 14 март маҳаллаҳои 1-май, Чорчароғ, Сирдарё, Навбаҳор, Шарқ, Бофанда, Тути калон, Сари баландӣ, Ҷаббор Расулов, Темурмалик, Тиллокон, Мевағул, Дӯстии халқҳо, Суғдиён, Раззоқ, Масҷиди савр, Хуҷанд, Ваҳдат, Чашмаи арзана, Сайҳун ва Қорираҳмат Қурбонов маҷмуан 22 маҳаллаҳои шахри Хуҷанд то санаи 25 марти соли 2018 чорабиниҳои наврӯзии хешро дар ҳудуди маҳаллаҳояшон баргузор менамоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд