(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Корҳои ободонӣ ва хуррамгардонӣ вусъат мегирандСокинони шаҳри Хуҷанд бо мақсади ободу зебо гардонидани шаҳр, махсусан сазовор сазовор пешвоз намудани ҷашни Наврӯзи байналмилал ба кӯчаву хиёбонҳо баромада, шанбегии умумишаҳрӣ гузарониданд.

Корҳои ободонӣ асосан дар маҳаллаҳои шаҳр, биноҳои баландошёна, назди муассаву ташкилотҳо, хиёбонҳои Раҳим Ҷалил, Раҳмон Набиев, кӯчаҳои Сирдарё, Султон Умаров, шоҳроҳи Истиқлол ва ғайраҳо ба амал омада, маҷмуъи зиёди корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд. Мардум замини наздиҳавлигии хешро ороста намуда, танаи дарахтонро сафед ва заминро киштгардон намуда, ба коштани зироат омода карданд.

Гуруҳи калони донишҷӯён соҳили дарёи Сирро аз алафҳои худрӯй ва партоваҳо тозаву ороста намуданд.

Ҳашарчиён дар баробари тозакунии муҳити атроф ҳамчунин наздик 180 адад ниҳолҳои гуногуни ороишӣ, 540 бех гулҳои ороишӣ, 700 бех садбарг ва 400 бех лола шинониданд.

Сокинони шаҳр ҳудуди якчанд майдонҳоро кабудизор ва гулкорӣ намуда, кӯчаву маҳаллаҳои хешро аз партов тоза карданд. Ҳамчунин атрофи корхонаҳои хешро рӯбучин, аз алафҳои бегона тоза ва танаи дарахтонро сафед намуданд.

Корҳои азнавсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ аз чорроҳаи Камоли Хуҷандӣ то мавзеъи Панҷшанбе суръати тоза гирифта, тарҳи намоии биноҳо мавриди таҷдид ва азнавсозӣ қарор доранд. Сафолакҳои пайроҳаҳо низ нав карда шуда истодаанд.

Воқеан ҳам сокини маъмурии вилояти Суғд-шаҳри бостонии Хуҷанд будан ифтихор аст. Барои ба ин ифтихор сазовор гаштан ҳар як сокини  шаҳрро  зарур аст, ки  фарҳанги шаҳрнишиниро   риоя  намуда, дар хуррамгардонӣ, ободиву зебоӣ ва тозагии   шаҳр саҳм гузорад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд