(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аёдати собиқадорони матбуотТибқи супориши иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода  дар остонаи Рӯзи матбуоти тоҷик  як қатор собиқадорони соҳа аёдат ва ба эшон тӯҳфаҳо тақдим карда шуданд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Абдуваҳҳоб Ҳомидзода Номаи табрикотии  Роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик  ба собиқадорони соҳаи матбуот: Зебиҷон Адуллоева, Мирзоҷон Мирзораҳматов, Ғайрат Ҳаким, Муҳаррам Юсуфова ва Мавлуда Шарифова ба эшон дар кору зиндагии ояндаашон барору комёбиҳо орзу намуд.

Устодони қалам, аз ҷумла Мавлуда Шарифова, ки 14 сол дар вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» фаъолият дошт, аз ин таваҷҷуҳ ва меҳрубонии  иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода  шод гашта, дуои нек баҳри ободии диёр намуда, омодагии хешро ҷиҳати тарбияи рӯзноманигорони соҳибқалам ва касбӣ изҳор дошт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд