(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари фоҷеабори суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётӣ, ки бар асари он хизматчиёни ҳарбии Федератсияи Россия ба ҳалокат расиданд, моро андӯҳгин намуд.

Хоҳишмандам тасаллияти амиқ ва эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон расонед».

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд