(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Силсилаи чорабиниҳои шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи модарДар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи модар силсилаи зиёди чорабиниҳо амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, санаи 6-уми март мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд бо омӯзгорону мураббияҳои макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва кӯдакистонҳо дар МТҲУ №16 ва санаи 7 март бо иштироки беш аз 640 нафар фаъолзанони шаҳр дар театри Камоли Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ  ва барномаи фарҳангӣ сурат мегирад.

Ҳамчунин тибқи дастури Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода силсилаи зиёди мусобиқот бахшида ба Рӯзи модар аз қабили баскетбол, бадминтон, теннис ва футбол байни духтарони муасисаҳои миёнаи махсус ва олии касбӣ сурат мегирад. Аксияи тарбиявӣ таҳти унвони «Салом модар ман туро дӯст медорм» баргузор хоҳад шуд.

Озмуни шаҳри «Алла» баргузор ва ғолибон муайян карда мешаванд. Аёдати занони фаъол ва арсаи меҳнат дар назар дошта шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд