(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар ярмарка 1 миллион бех ниҳол пешниҳод карда шуд.Рӯзҳои шанбе-якшанбеи ҳафтаи гузашта дар назди театри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар намуди зироатҳо баргузор гардид, ки дар он иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳр Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва сокинони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Аз ҷониби навоҳии кишоварзии вилоят навъҳои гуногуни  ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишӣ, сояафкан, гулу гулбуттаҳо ва тухмии зироатҳо ба миқдори зиёд, ҳудуди 1 миллион бех пешниҳод карда шуд.

Инчунин маҳсулоти кишоварзӣ ва гӯшту орду асал нисбатан аз бозор арзон пешкаши харидорон карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд