(0 овоз, миёна 0 аз 5)

«Мураббияи моҳир» дар кӯдакистони №27Дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №27-и шаҳри Хуҷанд озмуни «Мураббияи моҳир» ташкил ва гузаронида шуд. Дар он шаш нафар мураббиёни кӯдакистон мазкур иштирок ва рӯйи чор шарт: ҳисоботи эҷодии касбӣ, қироати шеър дар васфи модар, ҳунарҳои дастии мураббиён ва кадбонуи беҳтарин бо ҳам рақобат намуданд.

Мураббиён бо маҳорати баланд ва малакаи кордонӣ маҳорати хешро нишон доданд. Дар натиҷа ҷойи якум насиби Ҳанифа Валиева, мақоми дуюм Маърифат Баротова гардида, зинаи сеюмро  Дилфуза Ҳакимова ба даст овард.

Ҳамин тавр, Ҳанифа Валиева барои иштирок ба озмуни шаҳрии «Мураббии сол-2018» аз ширхоргоҳ-кӯдакистони №27 роххат гирифт.

Тибқи иттилои мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №27 –и шаҳри Хуҷанд Мукаррам Зоҳидова ҳадаф аз гузаронидани чунин озмунҳо пеш аз ҳама баланд бардоштани савияи донишҳои назариявӣ ва амалии муарббияҳо ва такмили  маҳорати касбии онҳо  мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд