(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Марҳамат ба ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо!Тибқи супориши иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода санаҳои 3-4 марти соли ҷорӣ  дар назди театри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар намуди зироатҳо баргузор мегардад.

Масъулини соҳа вазифадор карда шудаанд, ки  ҷиҳати дар сатҳи баланд пешниҳод навъҳои гуногуни  ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишӣ, сояафкан, гулу гулбуттаҳо ва тухмии зироатҳо, инчунин маҳсулоти кишоварзӣ бо иштироки фаъоллонаи намояндагони шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои кишоварзию деҳқонӣ ва аҳолӣ он тадбирҳо андешанд.

Ҳамчунин интизор меравад, ки дар ин рӯзҳо дар шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ярмарка фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ баргузор гардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд