(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Изҳороти Ҷомеаи омӯзгорони МТМУ №6-и шаҳри Хуҷанд дар мавриди фаъолияти ташкилоти экстримистӣ – террористӣ ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро.

Ҷанбаи ифодагароӣ, тундравӣ, эксримизм ва терроризмро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ чунин баён намудаанд: «Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Миллии Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ суръат мегирад, баръакс аз ҷониби душманони ин динни муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.

Имрӯз сели падидаҳои номатлубу хатарнок-эксремизм ва терроризм дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ, ба хатари аввалиндараҷа табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст.

Равнақу ривоҷи эксремизм дар ниҳояти кор ба терроризм (аз калимаи лотинии «terror») маншаъ гирифта шуда, маънояш тарс, ваҳм аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд.

Тавре дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:

«Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист.

Чунин ҳаракатҳо ва мақсади ниҳоии ҷинояткорон, дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриқонунӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯву  манзалати мақоми давлатист».

Бо назардошти вазъи ҷаҳони ҳозира шаклҳои зуҳури ин падидаҳои номатлуб аз рӯи хусусияти гуногунҷабҳа буда, дар давраи ҳозира дар чунин шаклҳо зуҳур мекунанд: «Ба даст овардани фурудгоҳҳо, ҷойҳои серодам, барҳам додан ва валангор намудани иншоотҳои махсусан муҳими стратегӣ: бо роҳи зӯроварӣ ба гарав гирифтани одамон, дар зеҳни мардум ворид намудани тарсу ваҳм ва нобоварӣ ба ҳаёти осоишта ва ғайра».

Намуди дигари амали террористӣ, таҳдиди куштан ва нобуд кардани ходимони давлатӣ ва сиёсӣ мебошад. Ин намуди амали террористиро барои тағйир додани сохти давлатдорӣ низ истифода мебаранд. Ифодагарои террористиву экстремистӣ ба сохти давлатдорӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷумла ба ташкилотҳои экстремистиву террористии ба ном исломӣ, ки ба дини мубини ислом ҳеҷ иртиботе надоранд, созмонҳои ДИИШ ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ал-Қоида, ҲНИТ ва ғайраҳо шомил мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ, дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм яке аз давлатҳои фаъол мешиносанд ва пешниҳодҳояшонро арзёбӣ мекунанд.

Зеро, чӣ хеле ки мегӯянд, саодати зиндагӣ, осоиштагӣ, шукӯҳи зиндагӣ на дар андеша, балки дар амал аст. Мо бояд бар зидди ин қувваҳо ва бартараф кардани онҳо бикӯшем, якдилу якрӯ ва якмаром бошем. Имрӯз воқеан терроризм ва экстремизм чун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари зиёд ба миён овардааст. Инчунин барои мубориза бурдан ба экстремизм бояд ҳамаи ҷомеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.

Вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки давлатро барои таъмини боъэтимоди  сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё созем.

Ҷомеаи омӯзгорони
МТМУ №6-и шаҳри Хуҷанд