(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Изҳороти МТМУ №5-и шаҳри Хуҷанд дар мавриди фаъолияти ташкилоти экстримистӣ – террористӣ ҲНИТ ва дигаргурӯҳҳои ифротгаро.

Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати хиради азими мардуми соҳиб маърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.

Имрӯз шукргузор аз онем, ки дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ ва кору фаъолият мебарем.

Сулҳ барои мо тоҷикон бо нархи ҷонбозию сарсупориҳо муяссар гаштааст. Маҳз бо кӯшишу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон абрҳои сиёҳ фазои сиёсии Тоҷикистонро тарк карданд. Дар натиҷа сулҳу ваҳдати миллӣ, якдигарфаҳмӣ ба вуҷуд омад ва миллати тоҷик аз маҳвшавӣ эмин монд.

Санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Президенти кишвар Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат бо роҳбарии мухолифони тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонид ва сулҳро дар Тоҷикистон пойдор намуд.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» боз ҳам мустаҳкам намуд. Ҳамин буд, ки баъди ба сулҳи умумимиллӣ расидан болоравии бемайлони сатҳи иқтисодию иҷтимоии давлату зиндагии мардуми кишвар ба амал омад. Мардуми кишвар зери Парчами Истиқлолият ва ғояҳои Ваҳдати миллӣ дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии ва тани соҳибистиқлоли хешро беш аз пеш афзун мегардонанд.

Итминон дорем, ҳамин ваҳдат буд, ки садпорагиҳои ҷомеаи моро бо ҳам ошно сохт.

Ҳамин ваҳдат аст, ки нусратҳои тоза ба тозаро барои фардҳои мардуми кишвар ҳидоят мекунад.

Мо ба қадри ваҳдат мерасем, онро ҳамеша арҷгузориву ситоиш мекунем, зеро маҳз бо шароити ваҳдат мо ба марҳилаҳои бунёдкорӣ ворид гаштему ба зиндагии бомарому тинҷу осоишта оғоз намудем.

Имрӯз Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои хирадманди покдину покдил дар дараҷаи баланди тараққиёти иқтисод, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ расидааст, аммо ҷомеаи орому осудаи моро рафтору кимрдори баъзе афрод халалдор менамояд.

Терроризм дар солҳои охир ба яке аз мушкилоти сиёсиву амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Сиёсатшиносон ва аҳли фарҳанги сиёсӣ бар онанд, ки зуҳуроти чун вабои асри XX эътироф шуда ба ҳастиву саломати бани башар таъсири манфӣ мерасонад ва ҷой доштанаш дар миқёси ин ё он минтақа ва ё кишвар гувоҳ аз оқибатҳои фалокатбори он медиҳад.

Терроризму ифротгароӣ як навъ падидаи дорои ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, этникию идеологӣ ва хусусиву равонӣ буда, аз зуҳури сарзадани он ҳеҷ як давлату халқу миллате дар амон нест.

Ҳамасола дар ҷаҳон садҳо амали террористӣ содир мешаванд ва аз ин ҳисоб дар байни ҷомеа дар баробари ҳазорон куштаву қурбониву маъюби осори тарсу бим ва хавотирӣ аз амнияти назди кону пайвандон, кӯдакону наврасон боқӣ мемонад.

Чунонки дар гузоришу паёмҳои ҳамасола Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мешавад, ки кишвару давлати мо терроризмро дар ҳама шаклу падидаҳояш қатъиян маҳкум менамояд.

Бадхоҳони миллати тоҷик мардумро мехоҳанд бовар кунонанд, ки суханонашон аз рӯи адлу адолат аст, аммо дар асл бо роҳи фиреб ҳаргуна камбудиҳои ночизи ҷамъиятро чанд баробар зиёд карда, мехоҳанд, ки ҳукумати ҳозираро, ки поягузори сулҳу ваҳдат аст ва оромии мардумро таъмин мекунад, ба чашми мардуми гунаҳкор нишон медиҳанд.

Чунончӣ, аъзои собиқ Ҳизби наҳзати исломи хориҷ аз кишвар рафта, бо сардории Муҳиддин Кабирӣ ҳар рӯз ва бо ҳар роҳ мехоҳанд, ки ҳаёти орому осоиштаи мардумро халалдор намуда, вазъиятро ба монанди ба ном «Давлатиисломӣ» ба хуну халаф кашанд.

Лекин ба бозиҳои авомфиребонаи худ халқи ваҳдатофари тоҷикро, дигар фиреб дода наметавонед. Ба ин душманони миллати тоҷик гуфтанем, ки халқи тоҷик пуштибон аз Пешвои миллат аст.

Бояд гуфт, ки дини мубини ислом сулҳу субботу оромиро ташвиқ намуда, рӯй овардан ба ифроту тундравиро манъ мекунад.

Набояд фаромӯш кард, ки мубориза бо терроризм-зуҳуроти барои инсоният хатарноку бегона, бинобар мураккабиаш вазифаи дарозмуддат ва ҳамарӯзаи бани башар аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои осоиштагӣ ва оромии мардум пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, вале гурӯҳҳои соҳиби ақидаҳои ифротӣ низ барои фиребидан ва аз паси худ бурдани гурӯҳе аз ҷавонони раҳгумзадаи кишварамон муваффақ шуда истодаанд.

Муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми байналмиллалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳан гузабон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад.

Бинобар ин, ҳар нафар, хосса насли ҷавон, ки таҳарруку эҳсоси зудтарканда хоси онҳост, дар бартарафу пешгирӣ намудани чунин падидаи фалокатбору ваҳшатзо саҳме бояд гузорад ва пеш аз анҷоми ҳар амал аз оқибату натиҷаҳои он андешад. Аз пайвастан ба ҳар гунна ҳаракату гурӯҳҳои ифротгаро, ки барои заҳролуд намудани фикру андешаи мардум замина мегузоранд, худдорӣ намоянд ва аз ҷодаи зиракии сиёсиву ҳисси баланди миллию масъулияти ватандорӣ қадам гузоранд.

Мо, омӯзгорон бояд дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризм ва ифродгароӣ бошем. Ба шогирдони худ ба таври саҳеҳу дақиқ, бо далелу рақамҳо фаҳмонем, ки экстремизму ифротгароӣ чӣ гунна равияҳоянд, чӣ ҳадафу матлаб доранд, ба чӣ муваффақ шудан мехоҳанд, аз куҷо саркашидаанд, роҳбарону ҳомиёнашон киҳоянд, чаро амалиёти онҳо бар ҳастии инсоният хатарнок аст.

Мо ҷомеаи омзгорӣ аз муҳаббату самимияти беандозаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар буда, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории Ватани биҳиштосоямон Тоҷикистони муосир то абад боқӣ мемонем.

Ҷомеаи омӯзгорони
МТМУ №5-и шаҳри Хуҷанд