(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аёдати модарони сарбзони ихтиёрӣТибқи дастуру супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ҷониби кормандони шуъбаи кор ба занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 10 нафар модарони сарбозон, ки дар даъвати тирамоҳӣ фарзондонашон яке аз аввалинҳо шуда, ба таври ихтиёрӣ ба хизмати Модар–Ватан рафта, ҳоло хизмати ҳарбиро сарбаландона адо намуда истодаанд, аёдат ва ба онҳо маводҳои ниёзи рӯзгор супорида шуд.

Модарони сарбозони ихтиёрӣ- Гулчеҳра Носирова, Маҳбуба Эгамова, Мухбира Юсуфова, Дилбар Шарипова, Мамлакат Сатторова, Муяясар Муҳаммедова, Зулайхо Исмоилова,  Мастура  Темурова, Анора Раҳматова ва Муаззам Раупова аз ин иқдомоти неки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳорӣ хушнудӣ намуда, миннатдории самимонаи хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамалакат, генерали Артиш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида, аз ҷумла таъкид доштанд, ки «Модар ва Ватан мафҳумҳои тавъам ва ҳаммаъноянд, хизмат ба Ватан, ин худ хизмат ба Модар аст. Артиши Миллӣ такягоҳи давлат ва сипари мамлакат аст. Вазифаи асосии он таъмини амнияти Ватан, сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзишҳои он мебошад. Хизмати фарзандони мо дарн назди Ватан бароямон шарафи бузург аст».

Муяссар Сангинова, мудири шуъбаи кор ба занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  Паёми шодбошии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба муносибати 25 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида, ба хонадони модарони сарбозон, ки дар даъвати тирамоҳӣ фарзандонашон яке аз аввалинҳо шуда, ба таври ихтиёрӣ ба хизмати Модар–Ватан рафта, ҳоло хизмати ҳарбиро сарбаландона адо намуда истодаанд, ободӣ, сарфарозӣ ва зиндагии шоду хуррамро таманно намуд.

Бояд таъкид намуд, ки бо иқдоми  Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  дар арафаи ҳар як иду айём модарони сарбозон аз ҷониби давлату ҳукумат қадрдонӣ  гардида , ба онҳо кумакҳои моддӣ расонида мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд