(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Собиқадорон аёдат гардидандСубҳи имрӯз муовини аввали раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади аёдат ва расонидани Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзили  ашхоси хизматнишондодаи  мамлакат рафтанд.

Яке аз онҳо, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Баҳриддин Ахмедов  мебошад, номбурда 23 сол дар вазифаи котиби комиҷроияи вилояти Ленинобод кор карда, 35 сол депутати Шӯрои қишлоқ, ноҳия ва вилоят буд. Барои фаъолияти пурсамараш бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла 13 медалҳои СССР ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду ордени Нишони фахрии СССР, ордени Дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва унвони  Ходими хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон шарафёб гардидааст.

Муовини аввали раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 25 солагии Артиши миллӣ ба самъи эшон расонида, кӯмакҳои моддӣ ва молӣ намуданд.

Баҳриддин Ахмедов  аз иқдоми Роҳбарияти Давлату Ҳукумат изҳори миннатдорӣ намуда, дуои неки сарҷамъии миллат ва осоиштагии сокинони кишварро намуд.

Дар рафти аёдат муовини аввали раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳамзамон аз ҳоли Мирзосангин Қутбиддинов, собиқадори меҳнат, духтури табобатгар, Аълочии тандурусти тибби ИҶШС, духтури хизатнишондодаи Тоҷикистон бохабар гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки Мирзосангин Қутбиддинов солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла маркази санитарӣ- эпидемологии шаҳри Хуҷанд, духтур- афсари ВКД ҶТ, мудири шуъбаи тандурустии шаҳри Хуҷанд, сардухтури беморхонаи вилоятӣ, директори филилали Маркази байналхалқӣ-илмии тандурустии солимии оила кор кардааст. Маҳз бо иқдоми мавсуф бинои беморхонаи вилоятӣ бунёд шудааст, шумораи кати муолиҷа аз 350 то 1045 адад расид.

Муовини аввали Раиси вилоят ва Раиси шаҳри Хуҷанд ба собиқадори меҳнат Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 25 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро расонида, барояш саломатӣ ва давлати пирӣ таманно намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд