(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили 25 солагии Артиши миллӣ дар шаҳри ХуҷандДар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарбзону афсарон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд, иштирокчиёни интернатсионалист, барқароркунандагони сохти конститусионӣ ва фаъолони шаҳр бахшида ба 25 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини аввали Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода иштирок намуда, табрикоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро расонида, аз ҷумла афзуд, ки «Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба садоқати ин неруи тавоно ва сипари боэътимоди давлат қайд намудаанд:

Таҷлили 25 солагии Артиши миллӣ дар шаҳри Хуҷанд«Афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд». Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодааст. Мавриди зикр аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати беҳтар намудани базаи моддӣ – техникии ҷузъу томҳои дар вилояти Суғд будаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхории доимӣ зоҳир намуда, баҳри беҳтар намудани шароити хизмат чораҳои зарурӣ андешида истодааст”.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳозиринро бо 25 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, афзуд, ки «Мо имрўз ба ифтихори яке аз санаҳои муҳим дар  таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол – 25 солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ки рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад, ҷамъ омадаем. Хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти давлат ва мардум, таҳкими ваҳдати миллӣ, ки асоси пешрафту тараққиёти кишварамон мебошад, нақши барҷаста ва бузург доранд».

Таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давоми бисту панҷ сол такомул ва обутоб ёфта, дар амри барқарор сохтани сулҳу субот дар саросари кишвар, муҳофизати дастовардҳои Истиқлолият ва тамомияти арзии мамлакат талошу мубориза ва ҷоннисориҳо намудааст, шоёни таҳсин аст. Артиши миллӣ бо азму заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш,  Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ - дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, яъне дар шароите таъсис дода шудааст, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт. Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шўравӣ, ки дар он давра аллакай ба ҳиссаи меросии худ – аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва иншооту дигар заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин инфрасохтори низомӣ соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсии зарурӣ, яъне бе базаи моддиву техникӣ ташкил карда шуд.          Аз таъсисёбии Артиш вақти зиёде нагузашта, ба дўши он якҷоя бо дигар мақомоту сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ вазифаи басо бузург ва масъулияти ниҳоят муҳим – таъмин кардани субот ва амнияти кишвар вогузор гардид.

Воқеан ҳам Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он рўзҳои вазнин сар карда, дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусал-лаҳи ҷинояткор, кўшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт. Дар ин раванд хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ борҳо бо ҷасорату шуҷоат ва далериву матонати худ ватандўстони асил будана-шонро собит намуданд. Садҳо нафари онҳо дар ин роҳ ҷони худро қурбон карданд, ки мо хотираи некашонро ҳамеша пос медорем.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таъкид дошт, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю кўшишҳои назарраси иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят, мўҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода такмили фаъолияти қисмҳои низомии ҳудуди вилояту шаҳр, беҳтар гардонидани шароити зиндагии афсарону сарбозон  дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Бо таваҷҷўҳи пайваста айни замон Артиши миллӣ қодир аст, ки амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд. Зеро, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст. Мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи хеш чун нерўи тавоно ва таъмингари осоиши ҳаёт ифтихор мекунад.

Сипас ба як қатор собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомот иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Барномаи фарҳангии рангини ватандӯстона табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд