(6 овоз, миёна 2.67 аз 5)

Маҳфили ватандӯстӣ дар кӯдакистони № 16-и шаҳри ХуҷандДар ширхоргоҳ-кӯдакистони № 16-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кӯдакону мураббиёни ин муассиса ва сарбозони қисми ҳарбӣ  чорабинии тарбиявӣ сурат гирифт.

Маҳфил бо танинандозии Суруди миллӣ оғоз гардида, кӯдакон дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Парчам, Пешвои миллат шеърҳо қироат намуданд. Саҳначае бо номи «Хизмати Ватан» бо иҷрои тарбиягирандагони ширхоргоҳ-кӯдакистони № 16-и шаҳри Хуҷанд бо санъати баланд намоиш дода шуд, ки ғояи онро дӯст доштан ва ҳифз намудани  марзу буми кишварро ифода мекард. Сурудҳои «Садоқат» ва «Тоҷикистон» бо ифтихори баланди миллӣ аз ҷониби кӯдакон садо дод. Рақсу бозиҳои ҷолиби дигари маҳфил табъи тарбиятгирандагони ин муассисаро болида намуд.

Мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони № 16-и шаҳри Хуҷанд  Мавзуна Самадова  маҳфилро натиҷагирӣ карда, аз ҷумла таъкид сохт, ки «Дар зарфи 25 сол Аартиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст.Имрӯз наврасону ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Яъне хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳаммияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат хоссатан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои сохторҳои низомии мо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Вазифаи мо пеш аз ҳама дар вуҷуди кӯдакону наврасон тарбия намудани мафҳумҳои худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию садоқатмандӣ буда, барои расидан ба ҳадаф чунин маҳфилҳоро бештар гузаронем».

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд