(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

«Ватанпарвар» дар гимназияи №4Дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини комисари ҳарбии шаҳри Хуҷанд капитан Мирзоҳафиз Миракзода, ҷонишини сарвари мактаби муттаҳидаи техникии шаҳр Саидориф Каримов, корманди шуъбаи тиббии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, подполковник Рустам Тошпӯлотов, як гуруҳ собиқадорони мақомоти қудратӣ ва устодону муҳассилини гимназия иштирок намуданд.

Дар мусобиқаи мазкур 7 дастаи синфҳои 11-и ин муассисаи таълимӣ бо ҳам аз рӯйи  шартҳои рӯзномаи деворӣ, фаъолияти командир, сафороӣ, ёрии аввали тиббӣ, ҷаҳидан бо арғамчин, аз ҷой ба дарозӣ ҷаҳидан, тирандозӣ, ба қисмҳои ҷудо ва ҷобаҷонкунии силоҳи оташфишонии тамғаи «Калашников», сангбардорӣ, турниккашӣ ва ғайраҳо қувваозмоӣ намуда, маҳорати хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

Ҳайати ҳакамот маҳорати намоишдодаи дастаҳоро таҳлил намуда, баҳоҳои хешро гузоштанд. Ҳамин тавр, ҷойи аввал насиби дастаи 11 «д», ҷойи дуюм дастаи 11 «в», ҷойи сеюм дастаи 11 «бғ» гардид. Дастаҳои 11 «г», 11 «ағ», 11 «б» ва 11 «а» мутаносибан мақомҳои баъдиро соҳиб шуданд.

Ба ғолибон тӯҳфаю ифтихорномаҳои гимназияи №4 ва Ҷоми мусобиқа тақдим карда шуданд.

Сарвари гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд Зулфия Ашӯрова баргузор гардидани чунин мусобиқаҳоро ба манфиати умум, хусусан дарси беҳтарини худшиносиву мардонӣ арзёбӣ карда, аз ҷумла зикр дошт, ки «Имрӯз наврасону ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Яъне хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳаммияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Зеро дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён вобаста мебошад».

Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур аз ҷониби омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбии гимназияи №4 Қаҳҳор Алиев ташкил ва гузаронида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд