(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва дурнамои рушди онҳоро дар асоси шарикии стратегӣ муҳокима намуданд.

Зимнан ҷараёни омодагирии ҷонибҳо ба сафари дарпешистодаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор дошт.

Гуфтугӯи телефонӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд