(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷоми ҷаҳонӣ оид ба футбол ва танзими муҳоҷират дар РусияДар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади шарҳи санаду меъёрҳои ҳуқуқии қабулнамудаи  Федератсияи Русия оид ба татбиқи чораҳои бехатарӣ дар давраи баргузории Ҷоми ҷаҳонӣ оид ба футбол дар ин кишвар мулоқоти сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ бо сардорону шуъбаю сохторҳои шаҳр, раисони кумитаҳои маҳаллаю хонаҳои баландошёна ва фаъолон сурат гирифт.

Мулоқотро роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд  Абдуваҳҳоб Ҳомидзода ифтитоҳ намуда, ҳадафи гузаронидани чорабиниро шарҳ дод.

Сипас, Зайнура Шарифӣ, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки “Дар давоми соли 2017 аз ҳисоби сокинони вилояти Суғд 134389 нафар ба хориҷа сафар карданд. Аз ҷумлаи сафаркардагон 121320 нафарашонро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд. Инчунин мувофиқи маълумотҳо аз хориҷи кишвар 119563 нафар ба Ватан баргаштанд. Аз ҷумлаи бозгаштагон 111400  нафарашон муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Пурсише, ки моҳи декабри 2017 сурат гирифт, маълум шуд, ки 162674 нафар сокинони вилоят дар хориҷи кишвар қарор доранд. Дар вақти пурсиши дар ба дар ва ҳавлӣ ба ҳавлӣ муҳоҷироне низ ба қайд гирифта шуданд, ки солҳои тӯлонӣ дар муҳоҷират қарор доранд ё соҳиби душаҳрвандӣ ҳастанд”.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давоми моҳи январи соли 2018 бошад, аз ҳисоби сокинони вилояти мо  7791   нафар ба хориҷа сафар карда, 11221  нафар аз хориҷа баргаштаанд. Аз ҷумлаи сафаркадагон   7251 нафар ва аз ҷумлаи баргаштагон 10009  нафарашон муҳоҷирони меҳнатианд. Падидаи ҷолиб давоми моҳи январ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 668 нафар кам шудани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар миқёси вилоят маҳсуб мешавад. Бояд гуфт, ки дар давоми моҳи январ аз ҳисоби сокинони шаҳри Хуҷанд 613 нафар ба муҳоҷират рафта, 954 нафар ба шаҳр баргаштаанд.

Таъкид шуд, ки муташаккилона сафарбар намудан ва бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа эҳтимоли даст ба қонуншиканию ҷиноят задани онҳоро хеле кам мекунад. Соли  гузашта Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа 18, Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ 10, ҶДММ “Мирзо ва К” 823, ҶСК “Нақлиёт 11, ҷамъ 862 нафар шаҳрвандонро дар Федератсияи Русия бо ҷои кор таъмин намуданд. Дар ин радиф субъектҳои хоҷагидор 11408 нафар муҳоҷиронро ба Федератсияи Русия сафарбар карданд. Дар маҷмӯъ аз хизматрасонии субъектҳои хоҷагидор  12270 нафар шаҳрвандон баҳраманд шуданд. Вале дар муқоиса бо шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ ин нишондиҳандаҳо махсусан дар самти бокортаъминкунӣ хеле кам мебошанд.

Зайнура Шарифӣ роҷеъ ба фаҳмонидани мазмун ва моҳияти Фармони Президенти Федератсияи Русия дар хусуси татбиқи чораҳои бехатарӣ дар давраи баргузории Ҷоми ҷаҳонӣ оид ба футбол дар ин кишвар гуфт, ки аз санаи 25 май то 25 июни соли 2018 дар шаҳрҳои Маскав, Санк Петербург, Волгоград, Екатеринбург, Қазон, Калинград, Ниҷний Новгород, Ростов -на -Дону, Самара, Саранск ва Сочӣ мӯҳлати қайди муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ 1 (як) шабонарӯз муқаррар шудааст. Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки дар ин муҳлат барои муҳоҷират ба ин шаҳрҳои Федератсияи Руссия худдорӣ кунанд.

Сипас, намояндаи Шуъбаи дар шаҳри Хуҷанд будаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Алихонзода доир ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, гаравидани муҳоҷирони зудбовар ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва оқибатҳои нангини он ба давлату миллат мисолҳо оварда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҷавононро ба роҳи ободу хуррамнамоии ватани аҷдодии хеш ҳидоят намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд