(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Баргузории озмуни “Ҳунарманди беҳтарин” дар маҳаллаҳо ва идораву ташкилотҳои шаҳр

Дар 22 маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд бахшида ба соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла даври аввали озмуни “Ҳунарманди беҳтарин” ташкил ва гузаронида мешавад.

Ҳамзамон тибқи нақшаи шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд даври аввали озмуни “Ҳунарманди беҳтарин” дар муассисаҳои тандурустӣ, коллеҷу муассисаҳои таҳсилоти оликии касбӣ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор ва ғолибон муайян карда мешаванд.

Таъкид мешавад, ки ҳадафи ташкили чунин озмун дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа муаррифии бештари ҳунарҳои мардумии шаҳр ва тарғибу ташвиқи шоистаи он мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд