(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мақоми аввали хонандагони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаи тенисДар мусобиқа оид ба тениси рӯйи мизии байни хонандагони синфҳои 8-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ҷои якум насиби дастаи Хуҷанд гардид.
Дар қувваозмоии мазкур аз рӯи намуди тенниси рӯйи миз ҷои дуюм насиби дастаи Спитамен ва ҷои сеюмро дастаи Конибодом ишғол намуданд.
Аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа ба ғолибон ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Бояд зикр кард, ки мусобиқаи мазкур бо мақсади тарғиби тарзи хаёти солим байни наврасону ҷавонон, ҷалби ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш ва дур будан аз амалҳои номатлуб роҳандозӣ гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд