(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари фоҷеабори суқути ҳавопаймои мусофирбарро дар вилояти Москва, ки боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо шаҳрвандони Федератсияи Россия гардид, бо андуҳи амиқ ва эҳсосоти дарду алам дарёфтам.

Дар робита ба ин талафоти вазнин ҳамдардӣ иброз намуда, ба наздикон ва пайвандони фавтидагон тасаллияти самимии хешро изҳор менамоям».

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд