(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Зиёда аз 350 бех ниҳолҳо дар хиёбону кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд шинонида шудандТибқи дастуру супоришҳои иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода субҳи имрӯз дар чаҳорчӯбаи шанбегии умумишаҳрӣ дар шаҳри Хуҷанд беш аз 350 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар ҷараёни шинонидани ниҳолҳо иштирок намуда, бо мақсади хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳои асосии шаҳр бо ҳамроҳии кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сохторҳои дахлдори соҳа якчанд бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонид.

Бештари ниҳолҳои шинонида Ардач ва Брючина ном дошта, ин дарахтон дар ояндаи наздик зеббахши кӯчаҳои асосии шаҳр хоҳанд шуд.

Тадбирҳои ниҳолшинонӣ асосан  дар хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил ва кӯчаи Сирдарё то баромадгоҳи шаҳри Хуҷанд амалӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд