(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Нашъамандӣ ин лаззати як лаҳзаи марг астБо мақсади тарбияи маънавии ҷавонон, огоҳии комил ёфтан аз оқибатҳои ҳалокатовари нашъаву нашъамандӣ дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии устодону донишҷӯён бо роҳбарияти  Раёсати Агентии назорати маводи нашъавовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Чорабиниро муовини директор оид ба тарбия Фаррух Аминов ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки муборизаи муташаккила барои паҳн нашудани маводи мухаддир дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равшан инъикос шуда, аз ҷумла таъкид шудааст, ки «Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва нооромиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Тибқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид имсол майдони кишти ин зироатҳо 63 фоиз зиёд шуда, то ба 328 ҳазор гектар расидааст ва дар назар аст, ки истеҳсоли маводи мухаддир нӯҳ ҳазор тоннаро дар муодили афюн ташкил хоҳад кард ва кӯшиши интиқоли қисми муайяни ин мавод тавассути кишвари мо низ сурат хоҳад гирифт». Як ҷиҳати муборизаи беамон барои ин зуҳуроти номатлуб ин ҷомеаро, хосса, ҷавононро ҳушдор додан аст, ки даст ба нашъаву нашъамандӣ заданд, оқибати маргбор дорад.

Корманди Раёсати Агентии назорати маводи нашъавовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шӯҳрат Абдуллозода зимни маърӯзаи худ иброз дошт, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рӯзгори ободу осоиштаи ҳар як сокини кишвар нигаронида шуда, дар он самтҳои асосии фаъолияти минбаъда тарҳрезӣ шуданд. Дар Паём авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангу маориф ва тандурустӣ  ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Дар баробари зикри дастовардҳо ҳамзамон аз мушкиливу муаммоҳо, ки барои генофонди миллат хатари калон дорад, истода гузаштанд. Махсусан даст ба амали нашъмандӣ задан, оқибатҳои ҳузнангез ба бор меовардад. Ва сарчашмаи ин вабои аср кишври ҳамсояи Афғониистон мебошад.

Воқеан кишвари мо бо Ҷумҳурии Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад ва имрӯз дар ҳудуди ин кишвар, махсусан дар вилоятҳои Ҳилманд, Зобулистон, Дайкони ин кишвар, ки таҳти таъсири қумондонсолорон қарор дорад, кишти кӯкнор ва интиқоли он вусъати беш гирифтааст. Ба гуфти мавсуф истеҳсоли ин маводи марговар аз соли 2001 то ба имрӯз ба 40 дар сад афзудааст. Мусаллам аст, ки қисме аз ин вабои аср тариқи қоҷоқ ба ҷумҳурии мо ворид гардида, аз ин ҷо ба кишварҳои Осиёи миёна ва Русияву Аврупо паҳн карда мешавад. Ба хотири ҳар чи бештар пеши роҳи коҷоқи маводи мухаддирро гирифтан, дар кишвари мо ниҳоди махсуси мубориза бар зидди маводи нашъавовар таъсис ёфтааст. Ва   аз соли 1994 инҷониб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар беш аз 121 тонна маводи нашъаовар, аз ҷумла зиёда аз 34 тонна героин мусодира карда шудааст, ки ин миқдор мавод метавонист қариб 53 миллион нафарро гирифтори бемории нашъамандӣ ва ҳамин қадар оилаҳоро бадбахт гардонад. Ба андешаи Шӯҳрат Абдуллозода бояд ҷомеаи кишвар, аз ҷумла ҷавонон мафкураи баланди дониши сиёсиву дунявӣ дошта бошанд, зеро камтарин амал метавонад, ҳаёти ҷавононро ба боди фано барад. Танҳо дастҷамъӣ, воқебинӣ, ҳушдор додани ҳамсолон, таҳсили хуб, иродаи қавӣ, масъулиятпешагӣ моро ба фатҳи қуллаҳои нав раҳнамун мекунад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд