(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Мароми мо сулҳу субот ва оромию пешрафти кишвар астИзҳороти Шӯъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар мавриди ташкилоти экстремистӣ-терористӣ ҲНИТ ва дигар гурӯҳи ифротгаро.

Ҷомеаи мо як марҳилаи томи тараққиётро аз сар гузаронда, арзишмандтарин дастоварде, ки таи солҳо аҳли кишвар ба он соҳиб шуд ин расидан ба Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ аст. Тавассути кӯшиши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи нобудии миллати моро гирифт, исбот намуд, ки мардуми соҳибназари кишвар ба ҳалли душвортарин мушкилиҳо қодир мебошанд ва моҳияти падидаҳои замонаро сари вақт ва ба хубӣ мефаҳманд. Маҳз пойдории ягонагӣ ва сулҳу ваҳдат аст, ки ҷомеа давра ба давра пеш меравад дар Тоҷикистон барномаи азимӣ азнавсозиҳо амалӣ мегарданд. Имрӯз кишвари мо аз файзу баракати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифати ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо торафт таҳкиму густариш меёбад. Таърихи сулҳи тоҷиконро дар давраи басо ҳассоси таърихӣ, ки ба даҳсолаи охири асри XX рост меояд тамоми мардуми сайёра беназир меҳисобанд. Дар марҳилае, ки миллат зери хатари ҷанги хонумонсӯз ба вартаи нобудӣ расида буд ва кас аз ташкил шудани ин давлати мустақилу обод дар хоки муқаддас бовару эътимодашро канда буд, таҷрибаи пешгирифта буд ҳатто таърих мислашро ёд надорад. Имрӯзҳо намоишҳое, ки бо иштироки ҲНИТ дар кишварҳои Аврупо баргузор мегардад, изҳороти роҳбарони фирории ҲНИТ ва ҳаводорони дар баъзе кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ, мардуми сулҳҷӯву озодихоҳ, бонангу номус ватандӯсту хештаншиносии кишвари ором гузошта наметавонанд. Дастовардҳое, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба даст овардааст, бадхоҳони миллатро ором гузошта наметавонад. Дар сатҳи хеле баланд ва бо шукуҳи баланди шаҳомати бепоён таҷлил гардидани 25-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар роҳи интихоб кардаи худ чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ устувор қарор дорад, музаффариятҳои бадастовардаи худро ҳифз карда метавонад ва ягон қуввае вуҷуд надорад, ки онро аз ин роҳ дур созад. Бадхоҳони миллат мехоҳанд мамлакатро аз нав ба вартаи ҷангӣ шаҳрвандӣ кашанд. Аммо онҳо ҳеҷ гоҳ ба ин ниятҳои нопоки худ расида наметавонанд. Фаромӯш накунед, ки Тоҷикистон имрӯз дар мақоми яке аз давлатҳои рӯ ба тараққикунанда қарор дорад ва фарзандони ба ору номусаш модар ватани хешро аз ҳаргуна қувваҳои бад ҳифз карда метавонанд. Кормандони шӯъбаи хадамоти муроҷиат дар шаҳри Хуҷанд амалҳои ғайриқонунии давлатҳои роҳбарони фирории ҲНИТ ва ҳамкорони онро дар баъзе кишварҳо ва сомонаи байналхалқи беасос ва бедалел ҳисобида ҷавобан ба сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар, сулҳовару фарҳангдӯстӣ, маорифпарваронаву хирадмандона, созандаю бунёдкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз пештара дида бештар аҳлу тифоқ, муттаҳид гардида барои гулгулшукуфоии ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Шӯъбаи Хадамоти муҳочират дар шаҳри Хуҷанд бо дарки масъулият барои ҳифзу равнақи дастовардҳои мардуми шарафи Тоҷикистон ва барои ободии ватан, таҳкими суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ, таъмини ҳаёти шоистаи шаҳрвандонро ба роҳ монда, имрӯзҳо ба комёбиҳои назаррас ноил гашта истодаем.

Ҷомеаи меҳнатии Шӯъбаи
Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд