(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар Боғи ботаникӣ шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида мешавадСанаи 10 феврали соли ҷорӣ дар Боғи ботаникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд шанбегии умумишаҳрӣ баргузор мегардад, ки дар он беш аз 4000 нафар иштирок хоҳанд кард.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ин Боғи ботаникӣ боздид ба амал оварда, ба масъулини сохторҳои дахлдор дастур дод, ки дар ин макон шанбегии умумишаҳрӣ дар сатҳи баланд гузаронида шавад.

Қарор аст, ки дар шанбегии умумишаҳрӣ устодон ва донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ, коллеҷи омӯзгорӣ, омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №31, литсейи касбӣ-политехникии №44, литсейи касбӣ-техникии №56-и шаҳри Хуҷанд иштирок хоҳанд кард. Ҳамчунин ба шанбегии умумишаҳрӣ кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд ва устодону муҳассилини макотиби варзишии шаҳр барои ниҳолшинонӣ дар атрофи Боғи ботаникӣ ҷалб карда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки ҳудуди Боғи ботаникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик 14 гектарро ташкил медиҳад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд