(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Бунёди инфрасохторҳои ҷадиди сайёҳӣ дар шаҳри ХуҷандҶиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дар шаҳри Хуҷанд сислсилаи тадбирҳо тадбирҳо андешида шуда истодааст. Барои қабули меҳмонон ва шиносоии эшон бо мавзеъҳои таърихӣ ва маконҳои тамошобоб ғайр аз хатсайрҳои дохилишаҳрӣ, сайрхатҳои беруназшаҳрӣ аз қабилӣ “Шоми Душанбе”, “Искандаркӯл”, “Ҳафткӯли мӯъҷизадор” фаъолияти пурсамар доранд. Ин тадбирҳо дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” боз ҳам равнақ меёбад.

Айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд барои қабули сайёҳон 12 меҳмонхонаҳо фаъолият намуда истодаанд. Барои сайёҳон нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қимматбаҳо, тӯҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон фаъолият менамояд. Ҳамчунин дар шаҳр 32 ёдгориҳои таърихӣ, 3 ёдгориҳои археологӣ, 25 ёдгориҳои шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд мебошад.

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи соҳаи туризм ва муаррифӣ намудани захираҳои сайёҳии кишвар дар тахтаҳои таблиғотии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр шиору овезаҳо дар мавзӯи рушди сайёҳӣ насб карда шуда, дар атрофи Маҷмааи таъриҳӣ - фарҳангии “Истиқлол” боғи фароғатӣ бунёд карда шуд, ки барои ҷалби бештари сайёҳии дохилию хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.

Маҷмааи таърихии “Боғи Камоли Хуҷандӣ” аз зумраи маконҳои бари сайёҳон ҷолиб ва тамошобоб муайян шудааст.

Ҳоло барои пурра намудани инфрасохтори сайёҳӣ дар кучаи Сирдарё меҳмонхонаи замонавии “Парламент” бунёд гардида истодааст, ки барои рушди ин соҳа  мусоидат хоҳад кард. Азнавсозии “Қалъаи Хуҷанд” ва Боғи “Дӯстии халқҳо”, ташкили роҳи ҳавоии саёҳатӣ аз мавзеъи Боғи Камоли Хуҷандӣ то маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ  аз тадбирҳои муҳими шаҳрдорӣ дар  “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” арзёбӣ мегардад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон устодон аз рӯи фанҳои “Сайёҳии байналхалқö”, “Бизнес сайёҳö” ва “Ташкили сайёҳии байналхалқö” ба донишҷӯён дарс дода истодаанд, ки заминаи хуб барои аз худ намудани мутахасисони баландихтисос соҳаи сайёҳö мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд