(1 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Пешгирии бемории саратонДар толори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шӯъбаи кор бо занон ва оила дар якҷогӣ бо маҳаллаҳои “Суғдиён”, “Сайҳун”, “Ваҳдат”, дар доири иҷрои Барномаи давлатии “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаҳо ва донишҷӯдухтарони муассисаи таълимии мазкур доир гардид.

Дар мулоқот духтури саратоншинос Саломат Каримова ва духтури амрози занонаи маркази саломатии № 4 Азизахон Миршоева оид ба пешгирӣ ва саривақт ошкор намудани саратони ғадуди синаву бачадон, гарданаки бачадон ва гигиенаи шахсӣ маърӯза намудаанд.

Иштирокчиён ба суолҳои худ доир ба ҳифзи саломатӣ ва роҳу василаи нигоҳдошти ҳаёти солим посух гирифтаанд.

Бояд қайд намуд, ки шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида чунин мулоқотҳоро бо фарогирии занону духтарони шаҳр моҳе як маротиба ташкил ва гузаронад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд