(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷаласаи нахустини Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар соли 2018Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҷаласаи нахустини Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар соли 2018 баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 20 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раъно Ҳошимзода, раиси Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо рӯзномаи он ошно намуд.

Аъзои Комиссия дар ҷараёни баррасии муроҷиати шаҳрвандон ва мактубҳои мақомоти дахлдор масоили вобаста ба иваз намудани номи кӯдаки ноболиғ, ҷойгир намудани тифл дар «Хонаи кӯдакон»-и шаҳри Хуҷанд, ба қайд гирифтани хона ба номи ноболиғ, муошират намудан бо фарзанди ноболиғ, таъин намудани парастории муваққатӣ, кирдорҳои нобилиғони душвортарбия ва ғайраҳоро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.

Бояд қайд намуд, ки дар соли 2017 ба унвони Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак 279 адад аризаҳои хаттӣ ва 240 адад муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон ва 428 адад мактубҳо аз мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, маориф ва дигар ташкилоту муассисаҳо ворид гашта, саривақт тибқи меъёрҳои муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуда, баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакони ноболиѓ тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.

Дафтари матбуоти
раиси шаҳри Хуҷанд