(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Курси омӯзишӣ барои хизматчиёни давлатӣДар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, № 16/10-7 ва ҷадвали тасдиқгардидаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани ҳисси миллии ватандӯстӣ, фарҳанги муошират, риояи либоси протоколӣ ва Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин дарс аз силсилаи курсҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.

Дар курси омӯзишӣ сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қадриддин Сулаймонов дар мавзӯъи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  маърӯза намуд.

Дар ҷараёни курси омӯзишӣ хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, доир ба масъалаи матраҳгардида мубодилаи афкор намуданд.

Бояд қайд намуд, ки чунин дарсҳои омӯзишӣ барои хизматчиёни давлатӣ ҳар ҳафта мунтазам дар мавзуъҳои мухталиф бо ҷалби  устодон ва мутахасисони варзида  баргузор хоҳад гашт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд