(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хоинони миллат ба мақсад намерасандИзҳороти кормандони МДТ «Литсейи касбӣ-техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд» дар мавриди фаъолияти ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ ва дигар гуруҳҳои ифротгароӣ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми имсолаи худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карда, самтҳои  асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳуриро барои оянда муайян намуданд. Дар баробари инъикоси дастовардҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз зарурати ислоҳоти иқтисодӣ, рушди рукни низоми давлатдорӣ, камбудиву норасоиҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва мушкилоти олами муосир сухан ронда, якчанд маротиба дар бораи таҳдиди зуҳуроти манфии терорризм ба ҳаёти осоиштаи мардум ёдрас шуданд ва қайд намуданд, ки «Терорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Мо шоҳид ҳастем, ки оташи терроризм дар тамоми дунё доман паҳн карда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вазъи сиёсии ҷаҳон, аҳволи мусулмонони рӯйи олам, тақдири ҷавонони гумроҳзада ва оқибатҳои бадбахтиовари он ҳеҷ як фарди бонангу номусро ором намегузорад. Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари террориз ва экстремизм аксаран таҳти шиорҳои динию мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислм иртиботе надоранд, баръакс аз ҷониби хоинони ин дини муқаддас роҳандозӣ мешавад.

Мо омӯзгорон ва кормандони литсейи касбӣ-техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд аз ин падидаҳои номатлуб, ки ҳаёти осиштаро ноором, раванди касбу ҳунар ва донишандӯзии хонандагонро халалдор менамояд, дар ташвиш ҳастем. Алалхусус, амалҳои ҳамватанон, ки онҳоро ба тоҷик гуфтан забон намегардад, аз хориҷи кишвар истода ба халқи худ, миллати худ санги маломат мепартоянд.

Онҳо ба ин васила андешаи манфури худро баён мекунанд, хоин ва зархаридони хориҷӣ мебошанд ва дини мубини исломро номсиёҳ мекунанд, барои мо нафратангез аст. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро, ки шаъну шараф ва обрӯйи тоҷиконро ба замин яксон карда истодаанд, қатъиян маҳкум менамоем.

Сад шукр, ки мо ҳаёти осоишта дорем, дар кишвари худ таҳти сиёсат хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат умр ба сар мебарем. Бадхоҳон инро чашми дидан надоранд.

Мо омӯзгорон кӯшиш менамоем, ки дар ҷараёни машғулиятҳо, чорабиниҳои тарбиявӣ дар доираи  амалисозии «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба террориз ва экстремизм барои солҳо 2016-2020» вохӯриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон ва падару модарон корҳои фаҳмондадиҳиро пурзур намоем ва ҷавонони ватандӯсту худогоҳро тарбия кунем. Ва барои решакан кардани ғояҳои тундраву ифротгаро ба монандаи ТТЭ ҲНИТ ҳидоят намоем.

Амнияти Ватани азизамон, ки Тоҷикистон ном дорад, барои мо муқаддас мебошад.

Ҷомеаи меҳнатии литсейи
касбӣ-техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд