(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Фаъолияти пурсамари 190 комиссияи ҷамъиятии танзимДар толори маҷлиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳисоботии комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим тӯли соли 2017 доир гардид.

Маҷлисро муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода оғоз намуд ва маълум сохт, ки дар маҷлис аъзои комиссия, раисони маҳаллаҳо, ва масъулони ба комиссия мансуб ширкат доранд.

Мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ Муҳсин Миркамолов ба ҳозирин аз фаъолият солонаи бахш ҳисобот дод ва зимни сухан изҳор дошт, ки даҳ сол муқаддам бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди рӯзгори мардум ва анъанаву маросими халқӣ омӯхта шуд ва бо мақсади ба танзим даровардани тӯю маърака ва маросим санади миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид. Қонуни номбурда он ҳангом ягона қонуне дар ҷаҳон буд, ки барои бунёди ҷомеаи солим ва танзими ҷашну маросим равона карда шудааст. Бо қабули Қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросими миллию динӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо бо назардошти сатҳи иқтисодии оилавӣ ва дар як маврид ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон замина гузошт.

Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои милливу мардумиро ба танзим даровард, анъана ва ҷашну маросими миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоию зоҳирпарасӣ ва исрофкорию зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низоми ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод. Тӯли ин даҳ сол татбиқи қонуни мазкур ба шаҳрвандон имкон фароҳам овард, ки воқеан, пеши роҳи зиёдаравӣ дар баргузории тӯю маъракаҳо гирифта шавад, маърифати мардум дар ин хусус баланд гардад.

Бояд зикр намуд, ки –афзуд Муҳсин Миркамолов,- баҳри амалишавии  Қонуни мазкур қарори Раиси шаҳри Хуҷанд, 8 апрели соли 2015, №284 «Дар бораи дар ҳайати нав тасдиқ намудани комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросими  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд» қабул гардид ва комиссияи доимӣ ва аъзои он тибқи низомнома фаъолияти пурсамар бурда истодаанд.

Ташкили комиссияи ҷамъиятӣ дар ҳамаи кумитаҳои маҳаллаҳо, корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва щайридавлатие, ки  зиёда аз 30 нафар корманд доранд, ба манфиати кор гардид. Масалан, агар ба рақамҳои оморӣ назар андозем, соли 2007 миқдори комиссияҳои ҷамъиятӣ  60 ададро ташкил карда  бошад, ҳоло ин миқдор ба 190 адад расидааст.

Инчунин, масъулини бахш баҳри татбиқи моддаи 51-и қонуни мазкур дар 86 корхонаву муассисаҳои вилоятиву шаҳрии шакли моликияташон гуногун вохӯриҳо доир намуда, аз таъсиси комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросим сухан карданд ва тавсияҳои муфид доданд.

Тибқи ҳисоботи оморӣ дар шаҳри Хуҷанд давоми соли гузашта  2716 адад маърака ба қайд гирифта шуда, нисбат ба соли пешин 166 маърака зиёд мебошад.  Аз таҳлилҳо бармеояд, ки маъракаҳо зиёд ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, аммо хароҷот нисбати соли пешин кам гаштааст, яъне мардум ифодаи шоирро, ки:

Ба харҷу дахли худ, ҳар дам назар кун!

Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун!,

аст хуб ба кор бурда истодааст.

Бо вуҷуди он, ҳангоми назоратҳои санҷишӣ  18 ҳолати вайрон ва риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ошкор гардида, нисбати  вайронкунандагони қонун парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба Суди шаҳри Хуҷанд ирсол карда шудааст.

Дар асоси нақша амалиёти санҷишӣ аз рафти баргузории тӯю маъракаҳо ба роҳ монда шуда, он идома дорад.

Ба муносибати ҷашнҳои расмӣ ва ба истифода додани иншооти нав бо ҷалби соҳибкорони саховатманд хатнасури 174 нафар кӯдаки ятиму бепарастор аз Хона-интернати кӯдакон ва оилаҳои камбизоат гузаронида шуд.

Комиссия ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамкориро бо ВАО мустаҳкам намуд, ки дар амалӣ шудани қонуни мазкур нақши муҳим дорад.-арз дошт Мӯҳсин Миркамолов дар фуроварди ҳисобот.

Баъдан, баҳри тақвияти ҳисобот Муяссар Сангинова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила ба сухан баромад ва изҳор дошт, ки воқеан, соли сипаригашта шуъба баҳри боз ҳам дастрастар гардидани қонуни болозикр бо тағйиру иловаҳояш ба мардум, силсилаи вохӯриҳо дар маҳаллаҳои Навбаҳор, Суғдиён, Хуҷанд, Содирхон Ҳофиз, 1-Май, Тути калон, Сари баландӣ, Мевағул, Темурмалик доир кард. Ҳамзамон, тибқи ҷадвали баргузории амалиёти назоратӣ аъзои комиссияи доимӣ рӯзҳои шанбеву якшанбе аз доиршавии тӯю маъракаҳои шаҳрвандон назорат бурда, ба чунин хулоса омад, ки воқеан, фарҳанги барпосозии маъракаи хонадоршавии ҷавонон тадриҷан боло рафта истодааст. Ҷонибҳо дар такя ба қонун ба як маслиҳат омада, бо баргузории як тӯй оилаҳои ҷавонро ташкил карда истодаанд. Мусаллам аст, ки мақсади қонуни мазкур ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, мусоидат барои  коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ мебошад.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, сархатиби Масҷиди ҷомеи марказии Шайх Маслиҳатдин оид ба рафти иҷрои қонуни зикршуда аз нигоҳи дини ислом сухан кард ва изҳори нигаронӣ намуд, ки шаҳрвандон бо баъзе амалҳои нодурусти худ шаъну шарафи ҷавонмарди оиладоршавандаро паст мекунанд. Ҷавон зан мегирад ва ҷиҳози заруриро ба мисли рахтхобу мебели дигар бояд худ бихарад. Дар муқоиса бо дигар шаҳру навоҳии вилоят, шаҳри Хуҷанд пешқадамтар аст ва дар баргузории батанзими маъракаҳо дар қатори аввал меистад.

Хуршедахон Хоҷазода, мудири Хонаи ақди никоҳи шаҳр ба ҳозирин маълумот дод, ки соли 2017-ум Хонаи ақди никоҳ қайди давлатии никоҳи 1590 ҷуфт ҷавонро доир намуд ва афзуд, ки мувофиқи қонун, ҳар ҷавони ба синни 18 расида ҳуқуқ дорад оила барпо намояд. Мутаассифона, навхонадорон барои бекор кардани ақди никоҳ низ меоянд, ки  сабабҳои асосии он солим набудани яке аз ду ҷавон, тангии вазъи иқтисодии оила, авлавият доштани чизу чора аз муносибатҳои неки инсонӣ ва ғайра мебошанд. Баҳри бартараф намудани чунин нофаҳмиҳо Хонаи ақди никоҳ якҷоя бо намояндагони фаъоли сохторҳои марбута бо сокинони маҳаллаҳову донишҷӯёни донишгоҳҳо машварату мулоқотҳо доир намуда, манфиатҳои шаҳрвандии ононро аз нигоҳи қонунҳои амалкунанда ҳимоя мекунад. Пешниҳод намудем, ки ҷавонон қабл аз додани ариза барои қайди никоҳ аввал аз муоинаи тиббӣ гузаранд, то минбаъд дар миёни онҳо муноқишаҳо сар назананд. Маҳз “Маркази солим”, ки дар назди Хонаи ақди никоҳ амал мекунад, чунин тарғиботро мебарад.

Сипас, раисони маҳаллаҳо ба Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар хусуси хутбаи никоҳро хондани баъзе имомхатибон бе маълумотномаи сабти давлатии никоҳ савол карданд ва посухи мушаххас гирифтанд.

Дар фарҷом бо пешниҳоди Хайрулло Ғайбуллозода аъзои комиссияи доимӣ нақшаи фаъолиятро дар соли 2018 тасдиқ намуд.

М.ВОСИТЗОДА,
“Тирози ҷаҳон”