(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Машғулияти ҷавонони Хуҷанд дар 280 иншооти варзишӣДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони мактабҳои варзишии шаҳр, мураббиён, мудирони шӯъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳҳо, коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд, гирандагони стипендияи Президентӣ, гирандагони стипендияи Раиси шаҳр маҷлиси ҷамъбастии бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов аз фаъолияти соҳа дар давоми соли 2017 иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, шумораи умумии ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар соли 2017 ба 80 ҳазору 900 нафар расид, ки аз ин миқдор 36 ҳазору 500 нафари онҳоро духтарон ва 41 ҳазору 400 нафари онҳоро писарон ташкил медиҳанд.

Дар шаҳри Хуҷанд барои соҳибмаълумот гардонидани ҷавонон  4 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 4 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 3 омӯзишгоҳҳои касби техникӣ ва 47 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар онҳо зиёда аз 48 ҳазор нафар ҷавонони синну соли 14-29 сола таҳсил менамоянд. Ҳамзамон дар шаҳр 10 муассисаҳои варзишии вилоятӣ ва шаҳрӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо барои беш аз 5000 нафар ҷавонону наврасон машғулиятҳои варзишӣ гузаронида мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 280 иншооти варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад. Ҳамчунин, бунёд ва азнавсозии толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ бо маром идома дорад. Дар ин радиф соли 2017, 20 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд. Ҳамчунин бом, бинои маъмурӣ ва ҳавзи шиноварии Мактаби варзишии захираҳои олимпӣ пурра таъмиру тармим карда шуд. Варзишгоҳи Спартак таъмиру тармим карда шуда, толорҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таъмир гардида, ба соли хониши нав омода карда шуданд. Бахшида ба эълон гардидани соли 2017 – “Соли ҷавонон” сохтмони бинои маъмурӣ дар Мактаби варзишии №1 оғоз гардида, он рӯзҳои наздик ба итмом мерасад.

Таъкид гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани самарнокии сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва бахшида ба эълон гардидани соли 2017-“Соли ҷавонон” давоми соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 180 чорабиниҳои мухталиф аз қабили мулоқоту вохӯриҳо, озмунҳо, конференсияҳо, аксияҳо, чорабиниҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, фестивалҳо, корҳои ободониву созандагӣ, чорабиниҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуривӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби зиёда аз 142 ҳазор нафар ҷавонону наврасон, варзишгарону мухлисон ва сайёҳону меҳмонон баргузор гардиданд.

Сипас, дар музокира директори Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии №1»-и шаҳри Хуҷанд Хуршед Ҳомидов,  директори Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии №2»-и шаҳри Хуҷанд Мамадҷон Сулайманов ва мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Шероз Ҳоҷибоев ва дигарон  баромад намуда, доир ба дастовард ва муаммоҳои соҳа дар соли 2017 андешаҳои хешро баён доштанд.

Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд дар соли 2017 маҷмуъан қаноатбахш арзёбӣ намуда, барои фаъолияти минбаъда дар соли 2018 масъулини соҳаро вазифагузорӣ намуд.

Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки  баҳри пешгирии содиршавии қонуншиканӣ ва ҷиноятсодиркунӣ аз ҷониби наврасон ва ҷавонон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои щайриқонунӣ, дар донишгоҳҳои олию миёнаи махсус гузаронидани вохӯриву мулоқотҳо бо иштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шавад. Ҷиҳати ҷалби ҳарчӣ бештари духтарону занон ба варзиш ва ба сексияҳои варзишӣ директорони мактабҳои варзишии бачагон ва наврасонро ҳамкорӣ бо мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ роҳандозӣ гардад. Андешидани тадбирҳоро ҷиҳати эҳё ва бунёд намудани майдончаҳои варзишию бозии кӯдакона дар назди биноҳои баландошёнаи шаҳр дар соли 2018 пурзӯр намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳр Хуҷанд