(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар Хуҷанд 1 миллион дона гул шинонида мешавадАз ҷониби масъулини сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи супориши иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба коштани беш аз 70 ҳазор тухми лола оғоз карда шуд ва интизор меравад, ки ин лолаҳо дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи аҷам шаҳрро зеб мебахшанд.

Масъулини гармхонаи  муасисаи кабудизоркунӣ ва гулпарварии КВДК “Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ”-и шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ки ҳоло 200 ҳазор тухмии гулҳои ороишӣ тайёр шуда, ба шукуфтан оғоз кардааст. Тухмии гулҳои ороишӣ давоми 20-25 рӯз омода мегардад, баъдан онро дар зарфҳои хурд дар ҳарорати 26-27 дараҷа гарм парвариш мекунанд. Ин гулҳо мавсимӣ буда, баъди шинонидан вобаста ба ҳаво давоми ду моҳ ва зиёда аз он  кӯчаҳоро зеб медиҳанд.

Дар ин гармхона беш аз 10 номгуйи гулҳои ороишӣ аз қабили Петуния, Катарантус, Салвия, Марҷонгул парвариш меёбад, ки ба обу ҳавои шаҳри Хуҷанд мувофиқ карда шудааст.

Дар умум гуфта мешавад, ки давоми соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд беш аз 1 миллион дона гулҳои ороишии мавсимӣ, марҳила ба марҳила шинонида мешавад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи мардум ба гулҳои ороишӣ бештар шудааст ва завқи зебоипарастии мардум боло рафтааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд