(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Ҳамшаҳриёни азиз!

Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин дастоварди миллии мо дар садаи ХХI мебошад, ки ба шарофати он мақоми Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ баланд гардид ва ба сифати кишвари сохтораш демокративу ҳуқуқбунёд, дунявиву ягона ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид.

Ба шарофати Истиқлолият ва озодӣ дар кишварамон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллии ба фаромӯшӣ расида, эҳё гардиданд, ки ин ҳама натиҷаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо таълифи асари бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забон – ҳастии миллат» ва китобу мақолаҳои хусусияти ватандӯстона дошта, Пешвои миллат исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад, фарзандони баномус ва бузурге дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, ки на танҳо барои миллат, балки барои башарият хидмат намудаанд. Дар баробари ин Сарвари давлат ба мероси маънавии суннатии мардум баҳои баланд дода, омӯзиш ва тарғиби ин осори гаронбаҳои халқро вазифаи ҳар як фарди бедордил дониста, доимо даъват ба амал меоваранд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пешиниёнро насли имрӯз дуруст аз бар намояд ва ба он сидқан арҷ гузорад.

Боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути сиёсати фарҳангпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллию мардумии халқи тоҷик ба мисли Меҳргон ва Сада эҳё гардида, ба тариқи шоиста таҷлил гардида истодаанд.

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаю мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардад, ки мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози санаи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти оини оташпарастӣ ва бузургдошти Офтоб истиқбол карда мешуд.

Ҷашни Сада дар масири таърих ҷойгоҳи хоса дошта, ҳангоми давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бо тантанаву шукӯҳи тамом истиқбол карда мешуд.

Ҳамшаҳриёни азиз!

Итминони комил дорам, ки ҷашни Сада ба як иди бузург ва дӯстдоштатарини мардуми тоҷик табдил ёфта, тамоми суннатҳои неки инсонӣ ба мисли хулқу атвори шоиста, одобу маданияти воло, ғалабаи гармӣ бар сардӣ, некӣ бар бадӣ, шинохти таърихи миллати хеш ва амсоли он боз ҳам вусъат меёбад ва дар партави он Ватани азизамон боз ҳам шукуфонтар гардида, мардум дар фазои сулҳу оромиву субот корҳои созандаву бунёдкоронаи хешро идома хоҳанд дод.

Сокинони шаҳри фархундаиқболро бо ҷашни Сада самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо сулҳу амонӣ, рӯзгори осуда, руҳияи болтда ва бахту саодат орзу менамоям.

Иди Сада — нахустин муждаи фарорасии баҳор муборак!