(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти занони маҳаллаҳо бо духтуронДар шаҳри Хуҷанд бо назардошти он ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.

Дирӯз бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар қаҳвахонаи «Себарга» вохӯрии кормандони соҳаи тандурустӣ бо занони маҳаллаҳои «Дустии халқҳо», «Чашмаи Арзана», «Сирдарё» ва «Суғдиён»  баргузор гардид.

Муяссар Сангинова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд назди ҳозирин баромад карда, аз ҷумла афзуд, ки барои вазъи сиҳатии омма, бахусус занон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр диққати махсус зоҳир гардада, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

Як қатор қарорҳову барномаҳои давлатӣ «Мубориза бар зидди  бемориҳои пайдошудаи норасоияти масъуният, сил, вараҷа»,«Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» оиди ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сил, бемории норасоии маунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масунияти одам, гигиенаи шахсӣ, қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.

Зикр гардид, ки баҳри амалӣ намудани се ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди неруи инсонӣ, аз ҷумла дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустӣ ва дарозумрӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

Мавзуна Сидқӣ, духтури амрози занонаи беморхонаи саратоншиносии вилояти Суғд ва Наргис Ҳасанова, духтури амрози занонаи таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд  назди ҳозирин баромад карда, роҷеб ба баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии занон оид ба саломатӣ, иттилоотонии аҳолӣ бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ дар бораи пешгирии бемориҳо, саломатии репродуктивӣ, воситаҳои зидди ҳамл, сил, сироятҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва бемории вируси норасоии масунияти бадан ва бемории пайдошудаи норасогии масъуният, пешгирӣ намудани саратони ғадуди сина ва ғадуди бачадон, гарданаки бачадон, модаршавии бехавф, гигиенаи шахсӣ ва ғайра маълумоти муфассал доданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ аз ҷониби занони маҳалла доир ба самтҳои гуногуни вазъи саломатӣ саволҳо дода шуда, ҷавобҳои мушаххас дарёфт карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд