(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хуҷанд: Таъмини устувории бозори истеъмолӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо вуҷуди дар шароити ҳассоси иқтисодию молиявӣ ва ҷаҳонишавии кишварҳо қарор доштан тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум, пурзўр намудани иқтидори содиротии кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки рушди миллии кишварамон, бо роҳи васеъ намудани доираи фаъолияти корхонаҳои саноатии мавҷудабуда, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ чораҳои муассир андешида истодааст.

Дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли 20164 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 122,6 фоиз, музди миёнаи меҳнат 108,6 фоиз, сармоягузорӣ 151,9 фоиз, фондҳои асосӣ 2,2 маротиба, ҳаҷми гардиши моли чакана 119,0 фоиз, ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ 106,6 фоиз, хизматрасонии маишӣ 105,5 фоиз, буҷети давлатӣ 102,0 фоиз, буҷети маҳаллӣ 101,6 фоиз, хароҷоти буҷет 96,0 фоизро ташкил дода, сатҳи устувори макроиқтисодӣ дастрас гардидааст.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар натиҷаи барзиёд таъмин шудани  нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла нақшаи буҷети шаҳр 6,7 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ ворид гардида, барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва корҳои ободию созандагӣ тақвият бахшида шуд.

Яке аз соҳаҳои муҳиме, ки барои устувории иқтисодиёт замина мегузорад, ин соҳаи савдо буда, дар ин давра мувофиқи маълумотҳо дар ин соҳа зиёда аз 6,5 ҳазор соҳибкорон фаъолият намуда, барои ба 2448,3 млн. сомонӣ расидани гардиши савдои чакана саҳмгузор шудаанд, ки дар натиҷа барои ҷамъоварии зиёда аз 35,0 фоизи қисми даромади буҷет заминагузорӣ шудааст.

Дар структураи соҳаи савдо ҳаҷми фурўши маҳсулоти озуқаворӣ ба 1208,5 миллион сомонӣ, ё 49,4 фоизи ҳаҷми умумии фурўши савдои чакана баробар гардида, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 10,4 дар сад афзоиш ёфтааст.

Дар истеҳсолот бошад ҳаҷми маҳсулоти хўрока ба 400,0 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 17,3 дар сад афзоиш ёфтааст.

Натиҷаи ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки имрўз дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд барои татбиқи Стратегияҳои давлатӣ корҳои амалигашта пурсамар буда,  он барои амнияти озуқавории кишвар бо риояи талаботи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ба мардум дастрас будани маводҳои сифаташ баланд ва коҳиш ёфтани нархи онҳо замина мегузорад.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки сарфи назар аз тағйирёбии қурби асъори миллӣ нархи арзиши маҳсулотҳо, аз ҷумла: гӯшт, биринҷи майда, марҷумак, шакар, равғани растанӣ, помидор ва дигар маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта арзон шудааст.

Инчунин нархи маҳсулотҳо аз қабили нон, орд, биринҷи кенҷа, мош, лўбиё, намаки ошӣ, макарон, шир, қаймоқ, себ ва сабзӣ дар як сатҳ қарор дорад.

Баҳри боздоштани баландравии нарх дар бозорҳои шаҳр ва ҷиҳати дастгирии аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ давоми соли сипаригашта дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳои давлатӣ ярмарка – фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шуда, зиёда аз 500,0 тонна маҳсулотҳои аз 10 то 30 фоиз арзон ба фурўш монда шуд.

Ин чораҳои андешидашуда, имкон дод, ки арзиши меъёри минималии маводҳои озуқа ба ҳар як сари аҳолӣ дар шаҳр ба 272,50 сомонӣ баробар гардад, ки он албатта барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд