(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мардуми соҳибназари кишвар ба ҳалли душвортарин мушкилиҳо қодир мебошандИзҳороти Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд дар мавриди фаъолияти ташкилоти экстремистӣ-терористиӣ ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро

Ҷомеаи мо як марҳилаи муайяни тараққиётро аз сар гузаронида, арзишмандтарин дастоварде, ки таи солҳо аҳли кишвар ба он соҳиб шуд ин расидан ба Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ аст. Тавассути кӯшиши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи нобудии миллати моро гирифт, исбот намуд, ки мардуми соҳибназари кишвар ба ҳалли душвортарин мушкилиҳо қодир мебошанд ва моҳияти падидаҳои замонро сари вақт ва ба хубӣ мефаҳманд. Маҳз пойдории ягонагӣ ва сулҳу ваҳдат аст, ки ҷомеа давра ба давра пеш меравад, дар Тоҷикистон барномаи азими азнавсозиҳо амалӣ мегарданд.

Имрӯз кишвари мо аз файзу баракати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо торафт таҳкиму густариш меёбад. Таърихи сулҳи тоҷиконро дар давраи басо ҳасоси таърихӣ, ки ба даҳ солаи охири асри ХХ рост меояд тамоми мардуми сайёра беназир меҳисобанд. Дар марҳилае, ки миллат зери хатари ҷанги хонумонсӯз ба вартаи нобудӣ расида буд ва кас аз ташкил шудани як давлати мустақилу обод дар хоки муқаддас бовару эътимодашро канда буд, таҷрибае пеш гирифта шуд, ки ҳатто таърих мислашро ёд надорад. Имрӯзҳо намоишҳое, ки бо иштироки ҲНИТ дар кишварҳои Аврупо баргузор мегардад, изҳороти роҳбарони фирории ҲНИТ ва ҳаводорони дар баъзе кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ, ки мардуми сулҳҷӯву озодихоҳ бонангу номус ватандӯсту хештаншиноси кишварро ором гузошти наметавонад. Дастовардҳо, музаффариятҳое, ки имрӯз Тоҷикистон соҳибистиқлоли мо ба даст овардааст, бадхоҳони миллатро ором гузошта наметавонад.

Дар сатҳи хеле баланд ва бошукӯҳи шаҳомати бепоён таҷлил гардидани 25 – солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар роҳи интихобкардаи худ чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд дунявиву иҷтимоӣ устувор қарор дорад, музаффариятҳои бадастовардаи худро ҳифз карда метавонад ва ягон қуввае вуҷуд надорад, ки онро аз ин роҳ дур созад. Бадхоҳони миллат мехоҳанд мамлакатро аз нав ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашанд. Аммо онҳо ҳеҷ гоҳ ба ин ниятҳои нопоки худ расида наметавонанд. Фаромӯш насозед, ки Тоҷикистон имрӯз дар мақоми яке аз давлатҳои рӯ ба тараққиниҳода қарор дорад ва фарзандони баору номусаш Модар-Ватани хешро аз ҳар гуна қувваҳои бад ҳифз карда метавонад. Кормандони Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд амалҳои ғайриқонунӣ, даъвоҳои роҳбарони фирории ҲНИТ ва ҳаводорони онро дар баъзе кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ беасос ва бедалел ҳисобида, ҷавобан ба сиёсати пеш гирифтаи ҳукумати кишвар, сулҳофару инсондӯстона, маорифпарваронаву хирадмандона, созандаву бунёдкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пештара дида бештар аҳлу тифоқ, муттаҳид гардида барои гулгулшукуфонии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд бо дарки масъулият барои ҳифзу равнақи давнақи дастовардҳои мардуми шарифи Тоҷикистон ва барои ободии Ватан, таҳкими субботи ҷома ва ваҳдати миллӣ, таъмини ҳаёти шоистаи шаҳрвандонро ба роҳ монда имрӯзҳо ба комёбиҳои назаррас ноил гашта истодааст.

Ҷомеаи меҳнатии
Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд