(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҳамоиши ҳунарҳои дастии мардуми Хуҷандшаҳр баргузор мегардад

Санаи 24-уми январи соли 2018, соати 14:00 дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Соли 2018-«Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ» ҳамоиши ҳунарҳои дастии мардуми Хуҷандшаҳр таҳти унвони «Ҳунар –беҳ  аз симу зар» баргузор мегардад. Дар ин бора аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинӣ масъулини дахлдор вазифагузорӣ шудаанд.

Дар ҳамоиш намоиши ҳамаи намуди маҳсулоти ҳунармандони шаҳри Хуҷанд дар назар дошта шудааст, ҳамчунин маърӯзаҳои ҳунармандони мардумӣ ироа гардида, барномаи пуршукуҳи фарҳангӣ анҷомбахши чорабинӣ хоҳад гашт.

Бояд қайд намуд, ки алҳол дар шаҳри Хуҷанд ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ аз қабили қолинбофӣ, кешбофӣ, атласу адрасбофӣ, читгарӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, дӯхти тоқиҳои миллӣ, мӯҳрабофӣ, сабадбофӣ, гавҳорасозӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, қаннодӣ, косибӣ, кулолгарӣ ва ғайраҳо фаъол буда, маҳаллаҳои ҷудонаи шаҳр бо ин ҳунарҳои мардумӣ маъруфанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд