(21 овоз, миёна 3.19 аз 5)

Азнавсозии гимназияи №1-и ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ оғоз гардид

Оғози соли равон дар шаҳри Хуҷанд тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва ҷавобгӯй намудани онҳо ба талабот замони муосир иқдомҳои ободкорӣ амалӣ карда мешавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз  гимназияи 1-и ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ боздид ба амал оварда, ба сохтмони бинои асосии ин муассисаи таълимии куҳантарини маркази вилоят санги асос гузошт.  Раиси шаҳр ба сохтмончиён дастур дод, ки то оғози соли хониши 2018-2019 бинои мактаб бо сифати баланд сохта ва ба истифода дода шавад.

Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд буда, пудратчӣ ҶДММ “Сохтмончӣ 1, лоиҳаи муассиса аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Суғдлоиҳакаш" таҳия гардидааст. Гимназия бо 33 адад синфхона ва 4 ошёна бо назардошти таҳхона сохта шуда, пурра аз ҳисоби буҷаи шаҳри Хуҷанд маблағгузорӣ карда мешавад. Ин муассисаи таълимӣ барои 1700 нафар дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Гимназияи №1 ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ аз аввалин макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад, ки наздик 100 сол муқаддам, яъне дар оғози асри гузашта бунёд шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд