(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Канори роҳҳои шаҳр аз кундаву решаҳо тоза карда мешавад

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар канори кӯчаҳои асосии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати омода намудани мавзеъҳо ба маъракаи шинонидани ниҳолу гулбуттаҳо аз ҷониби масъулини дахлдор тадбирҳои омодасозӣ ва ободониву кабудизоркунӣ суръати тоза мегирад.
Имрӯз аз ҷониби масъулини Корхонаи давлатии «Истифодабарии роҳҳо»-и шаҳри Хуҷанд зиёда аз 300 адад кундаву решаҳои канори роҳи хиёбони  Рифъат Ҳоҷиев, аз маҳаллаи 19 то 12-ум тозаву барканда шуд ва ин мавзеъҳо барои шинонидани ниҳолҳои нав омода гардиданд. Интизор меравад, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чунин тадбирҳои омодасозии канори роҳҳо барои мавсими ниҳолшинонӣ дар канори роҳҳои хиёбони Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сирдарё, Султон Умаров ва дигар кӯчаҳои асосии шаҳр идома ёфта, он марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд