(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Фирӯза Раҳимова ғолиби озмуни Дар озмуни вилоятии "Тарроҳи беҳтарин", ки байни аъзои маҳфилхои дӯзандагии муассисаҳои таҳлимии вилояти Суғд баргузор гардид, Фирӯза Раҳимова, хонандаи синфи 10- уми гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд дар бахши «Идона» сазовори ҷои якум ва дипломи озмун қадршиносӣ гардид.

Бояд зикр намуд, ки озмуни «Тарроҳи беҳтарин» бо мақсади баланд намудани сатҳи дониш барои инкишофи истеъдоди шахсият, баланд бардоштани дарки зебоиву эстетикии  аъзоёни маҳфилҳо, зиёд намудани завқи хонандагон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ,  ҳавасманд намудани ҳунармандони наврасу боистеъдод,  инкишофи қобилияти навоварӣ ва зеҳнию эҷодии хонандагон ташкил ва гузаронида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд